Суғд: Боздошти 40 ронандаи маст дар як шаб

Соли 2017  аз ҷониби кормандони БДА-и вилоят 2454 нафар  ронандагони маст, ки дар ҳолати сархушӣ нақлиётро идора мекарданд  ошкор ва нисбаташон чораандешӣ карда шуд. Бино ба гуфти сардори БДА-и вилоят Зокир Шарипов танҳо дар шаби “Соли нав” 40 нафар ронандаи мастро боздошт намуданд, ки аксари онҳо ба  “ба пой базӯр рост меистоданд.”.

Яке аз садамаҳои марговар, ки рӯзи ҷашни “Соли нав” бо иштироки донишҷӯ содир шудааст  Шарипов чунин шаҳр дод: “1-уми январи соли 2018, тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Маҳкамов Фаррухҷон Вайдуллоевич, соли таваллудаш 1998, донишҷӯи бахши 2-юми Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар ш.Исфара  ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Ҷӯраеви шаҳри Исфара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада писару падари пиёдагардро пахш мекунад.

Пиёдагардон- Насриддинов Бахтиёри 32 сола ва писараш-Бахтовар Насриддинови 6 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, падар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Бахтовари хурдсол  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

                                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ

   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *