Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои ОМ
Имрӯз, 21-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок карданд.
Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти вокуниши муштарак ба хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои минтақа, иқтидори муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстона дар раванди рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа баррасӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аҳамияти баргузории Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба таври мунтазам зикр карда, рушди рӯзафзуни минбаъдаи ҳамкории минтақавиро дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории таърихӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ таъсири манфии равандҳои дар Афғонистон баамалояндаро ба кишварҳои минтақа қайд кард. Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба таҳкими ҳамоҳангӣ миёни хадамоти махсус ва эҷоди механизмҳои мушаххаси муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ даъват ба амал овард.
Дар суханронии Сарвари давлат ба масъалаҳои фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина ба зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи тиҷорат, равобити зичи ҳамгироёна, инчунин рушди иқтидори нақлиётию транзитии минтақа ва такмили долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли мол, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳо, Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022-2024, Консепсияи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи сиғаҳои бисёрҷониба ва Барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз» барои Осиёи Марказӣ қабул гардидаанд.
Сарони давлатҳо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузории Вохӯрии панҷуми ҷашнии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, ки дар як вақт бо ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад, ҷонибдорӣ намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ