Иштироки ректори ДБССТ дар намоишгоҳи байналмилалии Амрико

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ ва фарҳангии Флорида (Амрико) дар шаҳри Форт-Лодердейл ширкат варзид.

Ректори донишгоҳ дар ҷараёни баргузории намоишгоҳи мазкур бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии риштаи сайёҳӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва сармоягузорӣ вохӯрӣ ва мулоқот кард.

“Зимни суҳбат масоили мубрами ҳамкориҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамкориҳои худро ба роҳ монанд. Дар назар аст, ки дар доираи сафари ректор ба Амрико санадҳои ҳамкорӣ низ ба имзо расанд”,- иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур.

Гуфта мешавад, ки намоишгоҳи мазкур 23 октябр оғоз ёфта, давоми ду рӯз идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *