Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҳамоиши 95-солагии Чингиз Айтматов
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Чингиз Айтматов иштирок намуд.
Ин конфронс 17 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи пленарии 56-уми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.
Гуфта мешавад. ки дар конфронс роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои адабӣ иштирок доштанд.
Рустами Эмомалӣ иброз намуд, ки мероси бадеии Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон бинобар мавҷудияти ормонҳои баланд ва арзишҳои абадӣ қадр мешавад.
Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун нависанда, балки ҳамчун шахсияти дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ маъруф буда, барои таҳкими дӯстии байни халқҳои тоҷик ва қирғиз кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст.
Дӯстии самимии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва нависандаи халқии қирғиз Чингиз Айтматов ибратомез буда, дар таҳкими муносибатҳои адабию фарҳангӣ байни ду давлат мавқеи хос дорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба меҳмонон филми мустанад оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Чингиз Айтматов ва саҳнаҳои театрикунонидаи асарҳои ӯ намоиш дода шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ