Иштироку суханронии Абдуллозода дар ҷаласаҳои сатҳи баланди СММ

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як қатор ҷаласаҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои тандурустӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.

Бино ба иттилои вазорат, зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи сатҳи баланди ин созмони бонуфуз оид ба фарогирии умумии тиббӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иброз доштааст, ки масъалаҳои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ дар Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтаанд.

Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи узви кишварҳои СММ доир ба мубориза бар зидди бемории сил низ иштирок ва суханронӣ кардааст. Аз ҷумла номбурда зимни суханронии хеш иброз доштааст, ки давоми солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи гирифторӣ ва фавти шаҳрвандон аз бемории сил бамаротиб коҳиш ёфта, дар ин баробар тадбирҳо барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ дар мамлакат боз ҳам пурзӯр карда шудаанд.

Инчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаласаи сатҳи баланди узви кишварҳои СММ оид ба пешгирӣ, омодагӣ ва вокуниш ба пандемия низ иштирок намуда, доир ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо сирояти нави Ковид-19 ва қадамҳои минбаъда дар самти пешгирии пандемия, омодагӣ ва вокуниш дар доираи татбиқи Қоидаҳои байналмилалии тандурустӣ баромад кардааст.

— Дар маҷмуъ, иштирок ва суханрониҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ҷаласаҳои сатҳи баланди СММ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо созмону кишварҳои гуногуни олам дар соҳаи тандурустӣ боз ҳам мусоидат хоҳад кард,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *