Дар Хуҷанд “Суғд Арена” бунёд мешавад

Дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” бунёд мешавад, ки дар як вақт то 1000 нафар ҷавонон бо намудҳои гуногуни варзишӣ тамрин мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар доираи нақша-чорабиниҳои Рўзи шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ба сохтмони Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” санги асос гузошта шудааст.

— Баъди баистифодадиҳӣ дар маҷмааи варзишӣ бештар аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт то 1000 нафар варзишгар ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд. Тамоми иншоот дар асоси талаботи замони муосир бунёд мегардад. Лоиҳакаши бино Филиали ҶСК Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашии САНИИОСП дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Маҷмаа ҳудуди 1 гектарро ташкил дода, аз 3 ошёна бо фарогирии таҳхонаи он иборат мебошад,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки маҷмааи варзишии “Суғд Арена” машқу тамрини беш аз 15 намуди варзишро фароҳам оварда, дар он толорҳои варзишии бокс, гўштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, теннис, таэквандо ташкил гардида, толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрокҳо ва молҳои варзишӣ, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, толори мураббиён, синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, толори конфронс ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *