Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» дар Душанбе

Аз 12 то 14-уми октябр дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» баргузор мегардад, ки дар он ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлати хориҷӣ иштирок менамоянд.

Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, дар намоиши «TajBUILD-2023» беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Тавре зикр мегардад, дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техникаю таҷҳизот, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

— Намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ хоҳад буд. Он метавонад сабаби шарикону ҳамкорони нав пайдо намудани ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гардад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *