Раис, муовинон ва директор дар хоҷагии деҳқонии “Шукрона”

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо ҳамроҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти кишоварзӣ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, директори Агентии беҳдошти замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода, муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо аз рафти ҷамъоварии ҳосили кишти картошкаи хоҷагии деҳқонии “Шукрона”, ки воқеъ дар ҷамоати деҳоти Нофароҷ аст, дидан карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан, гуфта шуд, ки дар хоҷагии деҳқонии “Шукрона” ҳамагӣ 2,15 га замин кишт карда шуда, аз он як гектарашро картошка ва боқимондаашро гандум ташкил дода, ҳосилнокии кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии мазкур тибқи апробатсия 330-сентнериро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, тибқи иттилои раёсати омор дар моҳи январ-августи соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан ҳамагӣ 29 ҳазору 963,2 га замин кишт гузаронида шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,5 га зиёд мебошад.

— Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти кишоварзӣ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии болозикр иброз дошт, ки дар шароити кунунии амнияти озуқавории ҷаҳон моро зарур аст, ки ҳар як порчаи замини корамро самаранок истифода бурда, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *