Искандарова 19-ум тифлашро ба дунё овард

Тюнзал Искандарова, як сокини деҳаи Ҷаирли Озарбойҷон ду моҳи пеш фарзанди 19-уми худро, ки 14 тоашон дар қайди ҳаётанд, ба дунё овардааст. Аммо хонавода тасмим гирифтаанд, ки таваллуди кӯдакро махфӣ нигоҳ доранд.

Шавҳари ин зан Талех Искандаров, ки ба ҳайси ронанда кор мекунад, дар шарҳи пинҳони таваллуди кӯдак гуфтааст, «вақте фарзанди 13-умам ба дунё омад, ҳамаи нашрияҳо навиштанд ва ба мо ҳамчун оилаи серфарзанд мошин, ҷиҳози хобу мошини ҷомашӯӣ ваъда карданд, аммо надоданд. Маро дар назди дӯсту рафиқонам шарманда карданд».

Талех Искандарови 45-сола ва Тюнзал Искандароваи 37-сола ҳоло 7 духтару 7 писар доранд. Дар ин хонавода ҷамъан 19 кӯдак ба дунё омада, 5 тоашон фавтидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *