Оғози маҳдудияти барқӣ

 ШСХК «Барқи тоҷик» ба диққати муштариён мерасонад, ки аз 1 ноябри соли 2016 таъминот бо неруи барқ маҳдуд карда шуд. Ин маҳдудият ба шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои калони саноатӣ дахл надорад.
Бино ба иттилои ширкат, бо сабаби махсусияти низоми энергетикии Тоҷикистон, ки зиёда аз 98 фоизи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад, бо фаро расидани тирамоҳ таъминот бо барқ тибқи меъёр ба роҳ монда мешавад. Алҳол бо сабаби сард шудани ҳаво дар сарчашмаҳо ва шохобҳои он, маҷрои оби дарёи Вахш кам шуда, ворид гаштани об ба обанбор коҳиш ёфтааст. Вақти он фаро расид, ки барои истеҳсоли энергияи барқ аз обанбори Норак — захираи асосии обӣ-энергетикии кишвар истифода бурда шавад. Вобаста ба ин, аз 1 ноябри соли 2016 дар кишвар интиқоли барқ маҳдуд карда шуд.
Як сабаби дигари ҷорӣ намудани маҳдудият дар он аст, ки сатҳи оби обанбор ҳар қадар зиёдтар дар нуқтаи болоӣ нигоҳ дошта шавад, аҳолӣ дар фасли зимистон бо барқ бештар таъмин карда мешаванд.
ШСХК «Барқи тоҷик» аз тамоми муштариён хоҳиш менамояд, ки дар давраи маҳдудият ба қадри имкон аз барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд. Ин ду омил, бешубҳа, боиси беҳтар бо барқ таъмин намудани тамоми муштариён мегардад. Хотиррасон менамоем, ки меъёри интиқоли барқ на аз рӯи соат, балки киловатт-соат муайян карда шудааст ва ҳар қадар барқро сарфакорона истифода барем, муддати истифодаи он зиёд мешавад.
Алҳол дар ҳар шабонарӯз дар кишвар 35-38 миллион киловатт-соат энергияи барқ истеҳсол мегардад, ки он ба тамоми шаҳрҳо, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ, вобаста ба шумораи аҳолӣ ва ҳаҷми истеҳсолот тақсим мешавад. Аз ин рӯ, аз рӯи соатҳо муайян намудани таъмини барқ амали шартист. Дар ҳар минтақа ҳар қадар барқ сарфа гардад, соатҳои истифодабарии он зиёд мешаванд. Ҳамин тариқ, зиёдтар бо барқ таъмин будани мо аз сарфакорона истифода бурдани барқ аз ҷониби ҳар як муштарӣ пурра вобастагӣ дорад.
Ҷадвали ҳармоҳаи таъминот бо энергияи барқ бо пешниҳоди ШСХК «Барқи тоҷик» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва дар он тавзеҳ дода шудааст, ки таъминоти пурраи барқ дар доираи ин ҷадвал дар сурати пурра пардохт шудани ҳаққи барқи истифодашуда амалӣ мегардад. Вобаста ба ин, Ширкати «Барқи тоҷик» ба пурра риоя намудани интиқоли барқ аз рӯи меъёри муқарраршуда ҳангоме кафолат медиҳад, ки ҳаққи барқ пурра пардохт шуда бошад. Он муштариёне, ки аз ҳаққи истифодаи барқ қарздор нестанд, меъёри барқи муайяншударо пурра мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *