Ислом Каримов Шералӣ Ҷӯраевро бад медид, ҳатто…

Шералӣ Ҷӯраев мисли дигар овозхонҳои машҳур солҳои зиёд аз саҳна ронда шуда буд. Аз нимаи дуюми солҳои 90-ум то соли 2016 танҳо як нафар дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи Ӯзбекистон қарор дошт — Ислом Каримов. Дигар чеҳраҳои маъруф барои ҳифзи худ ё бо амри боло дар паси парда пинҳон мемонданд.

Шералӣ Ҷӯраев дар миёнаҳои солҳои 90-ум якбора аз назари мардум дур шуд. Ӯ дар давраи авҷи камолот қарор дошт, вале дарҳои толорҳои консертӣ ба рӯяш баста буданд.

Характери Каримов хеле вазнин буд. Касонеро, ки бад медид, намебахшид. Тавре шунидам, Каримов таронаҳои Шералӣ Ҷӯраевро дӯст медошт, бо вуҷуди ин дарҳои саҳнаҳои калонро барои сароянда баста буд.

Агар иштибоҳ накунам, соли 2001, вақте ки Театри ба номи Ҳамзаро таъмир карда, ба Театри миллии академии драмавӣ табдил доданд, Ислом Каримов ба ифтитоҳи он омад. Дӯстони наздики Шералӣ Ҷӯраев — шоирону нависандагон барои оштӣ додани ӯ ва Каримов пешниҳод карданд, ки овозхон бо онҳо дар зинапояи театр истад, то Каримов вақти бо онҳо вохӯрдӣ кардан бо Шералӣ Ҷӯраев ҳам дастфишорӣ кунад. Аммо Ислом Каримов баробари дидани Шералӣ Ҷӯраев бо касе вохурдӣ нокарда, дохили театр шуд.

Аҷаб вақти пурдаҳшатро мардуми мо паси сар карданд. Дар як мамлакати калону серистеъдод танҳо як кас сухан мегуфт, механдид, гиря мекард, месуруд, рақс мекард, таърифу танқид мекард… Ҳамаи дигарон тамошобин буданд. Як кишвар — як нафар…

Шералӣ Ҷӯраев — танҳо дар хона, Юлдуз — дар Туркия, Обид Асомов — дар Русия…

Аммо дар Ӯзбекистон мисли дигар ҷойҳо фобияҳо зиёданд, вале чизи асосие, ки ба миллат, давлат ва халқ зарари воқеӣ ва ҷуброннопазир расонд, диктатураи давлатӣ, диктатураи Ислом Каримов буд.

Камолиддин РАББИМОВ, сиёсатшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *