Дастаи мунтахаб бе бозикунони «Истиқлол» ба Сингапур рафт

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо як ҳайати тақрибан навшуда бо дастаи мунтахаби Сингапур бозии дўстона баргузор мекунад, ки ин бозӣ рўзи 8-уми сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳайати мунтахабро барои бозии дўстона бо дастаи мунтахаби футболи Сингапур, ки 8-уми сентябр баргузор мешавад, эълон кард.

Сармурабии даста — мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 19 бозикунро даъват кардааст, ки чанде аз онҳо бозикунони нав ё камтар ба даста даъватшудаанд. Ба ҳайат 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Ба далели ширкати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 6 то 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, чанд нафар бозикуни калидӣ ба дастаи асосӣ даъват нашудаанд.

Ба далели омодагии дастаи «Истиқлол» ба бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2023/24 бо дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар чанд бозикуни ин бошгоҳ низ дар ин бозии дўстона ширкат намекунанд.

Бозии дўстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Сингапур ва Тоҷикистон 8-уми сентябр дар Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *