“Ҷисмам дар Бразилия асту қалбам дар Тоҷикистон…”

Соли 2016 орзуи кӯдакии ман амалӣ гашт ва ба Тоҷикистон сафар намудам. Дар моҳи сентябр 26 рӯз дар Тоҷикистон будам. Тӯли ин рӯзҳо ба Душанбе, Норак, Ҳисор, Варзоб, Истаравшан, Хуҷанд, Қайроққум, Зафаробод, Ашт, Исфара ва Конибодом сафар намудам.

Дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет таваҷҷуҳи маро ҷавони хориҷие ҷалб намуд, ки пайваста доир ба вожаҳои тоҷикӣ, решаи баромади онҳо ва тарҷумаи ин ё он калима пурсон мешуд. Вай Гилерми Аугусту Гесснер Пост ном дошту бо забони равони тоҷикӣ нома навишта, аз корбарон хоҳиш менамуд, ки дар тарҷумаи ин ё он вожа ёрӣ расонанд. Ҳамин тариқ, бо ӯ мукотиба намуда, дарёфтам, ки нисбат ба сарзамини мо меҳру муҳаббати беандоза доштааст. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки ӯро барои хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ошно намоем.

— Гилерми, лутфан чанд сухан дар бораи худ мегуфтӣ?

— Ман 7-уми январи соли 1996 дар шаҳри Жоинвиллии Бразилияи Ҷанубӣ, дар оилаи сифр бразилӣ ба дунё омадаам. Ихтисосам муҳандиси сохтмонӣ буда, дар донишгоҳ ба ҳайси ёвари омӯзгор аз фанни омор кор мекунам. Вале худи донишгоҳро соли 2020 хатм мекунам.

— Чӣ шуд, ки ба фарҳанг ва забони тоҷикӣ — форсӣ ошно шудӣ ва хостӣ забони моро пурра аз худ намоӣ?

— Бо Тоҷикисон ягон алоқае надоштем ва ё хешованде ҳам дар он ҷо надоштем. Вақте ки кӯдак будам, бобоям бисёр вақт харитаҳоро ба ман нишон медод ва кишварҳои номаълум бештар бароям шавқангез буданд. Яъне, ҳар давлате, ки номи аҷоибу зебо дошт, диққати маро ба худ мекашид. Сипас ба ҷустуҷӯи маълумот оид ба Тоҷикистон шурӯъ намуда, ғоибона мафтуни ин кишвар шудам. Аз синни 10-солагиям орзу доштам, ки ба Тоҷикистон сафар намоям. Табиат, анъанаҳо, таомҳои миллӣ ва ғайра ҳисси кунҷковии маро нисбат ба Тоҷикистон зиёд намуда буд.

— Меҳмони кишвари мо шудӣ?

— Оре. Хушбахтона, соли 2013 як машғулияти нав — додугирифти мактубҳо ва тасвирҳоро бо одамони кишварҳои мухталиф шурӯъ намудам. Орзу доштам, ки бо ягон нафаре аз Тоҷикистон шинос шавам. Ҳамин тариқ, бо Мадина ном духтаре аз Хуҷанд шинос шудам. Сипас бо Достон ном ҷавони зафарободие ҳам ҳамсуҳбат шудам. Мадина ва Достон маро бо дӯстони дигарашон шинос намуданд. Шумораи дӯстони тоҷикистонии ман бештар шуд ва бо ҳамдигар мукотиба мекардем. Соли 2016 орзуи кӯдакии ман амалӣ гашт ва ба Тоҷикистон сафар намудам. Дар моҳи сентябр 26 рӯз дар Тоҷикистон будам. Тӯли ин рӯзҳо ба Душанбе, Норак, Ҳисор, Варзоб, Истаравшан, Хуҷанд, Қайроққум, Зафаробод, Ашт, Исфара ва Конибодом сафар намудам. Аз ҳама бештар ба ман меҳмондӯстӣ ва самимияти мардуми тоҷик писанд омад. Қаблан ман фикр мекардам, ки дар дунё аз бразилиҳо дида мардуми меҳрубонтаре нест, вале пас аз сафар ба Тоҷикистон дарёфтам, ки иштибоҳ мекардаам… Он чизе, ки дар кишвари шумо писандам наомад, ин ҷой доштани порахӯрӣ дар ҷомеаи тоҷик буд.

— Оё дар Бразилия дар бораи Тоҷикистон ягон маълумот доранд?

— Мутаассифона, аксари бразилиягиҳо дар бораи Тоҷикистон маълумоте надоранд. Вақте Тоҷикистон мегӯям, мепурсанд: «Ин дар куҷо воқеъ аст?» Баъзеҳо медонанд, ки ин давлат қаблан ҷузъе аз Иттифоқи Шӯравӣ буд. Аксари одамон аз номи «Тоҷикистон» метарсанд, чун вожаи «истон» ба андешаи бархе ҷои ҷангу терроризм аст. Орзуи бузурги ман ин аст, ки чунин одамонро бовар кунонам, ки онҳо хатои маҳз мекунанд. Пас аз бозгашт аз Тоҷикистон ҳамеша ба дӯстонам дар бораи Тоҷикистон нақл мекардам.

— Боз нақша дорӣ, ки ба Тоҷикистон биёӣ?

— Албатта! Рости гап мехоҳам дар Тоҷикистон зиндагӣ намоям. Нақша дорам, ки дар Тоҷикистон ошхонаи миллии Бразилияро таъсис диҳам. Мехоҳам ин корро маҳз дар шаҳре, ки аз ҳама бештар дӯст медорам, — дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ифтитоҳ намоям. Агар ин кор амалӣ нашавад, пас дар Бразилия мехоҳам ошхонаи миллии Тоҷикистонро созам.

— Чӣ фарқиятеро байни ҷавонони тоҷику бразилиягӣ мушоҳида кардӣ? Чӣ чиз барои ҷавонони бразилиягӣ арзиш ҳисоб меёбад, яъне дар зиндагӣ муҳим аст?

— Фарқият зиёд аст. Дар Тоҷикистон кӯдакон дар кӯча хурсандона ба бозиҳо машғул мешаванд, дар мо ин тавр нест. Инчунин, ҷавонони мо аз технологияи муосир пайваста истифода мебаранд, ки ин баъзеи моро нороҳат месозад. Дар Бразилия, одатан, ҷавонон намехоҳанд барвақт оиладор шаванд, вале дар Тоҷикистон баръакс аст. Синну соли муқаррарӣ дар Бразилия барои оиладор шудан 27-32 аст. Ҷавонони бразилиягӣ шабнишиниҳоро хеле дӯст медоранд ва мехоҳанд то баромадани офтоб сайр намоянд. Барои ҷавонони мо муҳим аст, ки аввал донишгоҳро хатм намуда, кор ёбанд, сафар намоянд ва сипас дар охир оиладор шаванд.

— Ташаккур барои суҳбати ҷолиб, то вохӯрӣ дар Тоҷикистон!

Мусоҳиб Насрулло Тӯйчизода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *