Истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин таҳқиқи ҷуғрофиро мехоҳад

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Зондкунии фосилавӣ ва технологияи истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин» бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Зондкунии фосилавӣ ва технологияи истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин» бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро академик Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда ва гуфт, ки дар таҳия ва истеҳсоли дастгоҳҳои бесарнишин мо муҳити ҷуғрофии мамлакатамонро, ки манотиқи кӯҳистонӣ аст, ба инобат бигирем.

Рушди илм дар замони муосир бе истифода аз дастовардҳои технологияи инноватсионӣ ғайриимкон аст. Асри XXI асри инкишофи босуръати илм ва технологияҳои навин мебошад ва танҳо давлатҳое ба дараҷаи баланди рушд ва тараққиёт ноил мегарданд, ки ин равандро устуворона пайгирӣ менамоянд.

Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин имконият медиҳанд, ки чунин технологияи ҳозиразамон дар самтҳои зерини афзалиятнок мавриди истифодаи васеъ қарор дода шаванд:

1.Баҳодиҳии хавф ва хатари офатҳои табиӣ;

2. Баҳодиҳии оқибатҳои заминҷунбиҳои шадид;

3. Маниторинги ҳолати кунунии сарбанди Усой ва кӯли Сарез;

4. Мониторинги ҳолати пиряхҳо ва руйпӯши барф;

5. Мониторинги зараррасонҳои соҳаи кишоварзӣ;

Чен Ши, Директори Маркази илмӣ — таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, ноиби президенти шуъбаи Синзяни Академияи илмҳои Чин аз ҳамкориҳои олимони ду кишвар ҷиҳати таҳияи маводи бесарнишини парвозкунанда ибрози ақида кард.

Бояд иқрор намуд, ки зиёда аз 80 нафар олимон ва мутахассисони муассисаҳои илмӣ дар ҳамоиш ширкат доштанд. Дар ҷараёни конференсияи байналмилалӣ 12 маърӯзаҳои илмӣ бахшида ба масъалаҳои мубрами мушоҳидаҳои фосилавӣ ва истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин мавриди муҳокима ва баррасиҳои илмӣ қарор гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *