Исраэл Адесаня то 2027 ба майдон намебарояд

Яке аз варзишгарони маъруф ва собиқ чемпиони UFC  дар вазни миёна Исраэл Адесаня эълон кард, ки як муддат ба майдон намебарояд.

— Ман хеле зиёд паём мегирам. Ором бошед, мардум. Ман зиндаам ва пурра аз варзиш нарафтаам, балки як муддат ба майдон намебароям. Аниқтараш, соли 2027 вомехӯрем, — гуфтааст варзишгар.

Исраэл Адесаня дар мусобиқаи UFC 293 зидди Шон Стрикленд бояд камарбанди чемпиониашро ҳимоя мекард, вале бо қарори доварон бохт. Пас аз он, хабарҳо дар мавриди ба рухсатӣ рафтани ӯ пайдо шуданд ва инак, худаш хабарҳоро тасдиқ кард.

Ба гуфти Дана Уайт, президенти ташкилоти UFC Исраэл Адесаня аз ҷумлаи варзишгаронест, ки ҳамеша ҳаводорони ин навъи варзиш мехоҳанд ӯро дар майдон бубинанд. Яъне, нафаре, ки ба ташкилот хеле зарур аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *