Аксҳои Абдурозиқ бо Эминем ва Криштиану Роналду

Абдурозиқ Эгамов, блогер ва овозхони тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои арабӣ ва Ҳиндустон ҳаводорони бешумор дорад, дар доираи мусобиқа оид ба бокс ҳамчн меҳмони фахрӣ иштирок кард ва дар саҳифаи Инстаграми худ аксҳояшро бо чеҳраҳои намоёни дунё рэпсаро Эминем ва футболбоз Криштиану Роналду нашр кард.

Ин акси дуюми Абдурозиқ бо футболбози португалӣ Криштиану Роналду аст ва тавре вонамуд мешавад, ки гӯё онҳо дӯстони деринаанд.

Дар зери акси мазкур овозхони тоҷик чунин навиштааст:

— Ин дафъа ман забони англисиро медонам, бародар. Бисёр хурсандам, ки боз бо ҳам вохӯрдем.

Аз ин зернавишт фаҳмидан мумкин аст, ки Абдурозиқ дар аввалин дидораш бо Роналду аз надонистани забони англисӣ танқисӣ кашидааст ва ҳоло ин мушкил ҳалли худро ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Инстаграм маъруфтарин саҳифаи тоҷикӣ ин аз Абдурозиқ ба ҳисоб меравад, ки зиёда аз 8 миллион нафар ӯро пайгирӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *