Исроил ҷазираи сиёсӣ дар баҳри давлатҳои араб

Суҳбати нотамом бо Президенти Исроил Шимон Перес

Дар Исроил, кишваре, ки се дини маъруф — яњудї, насронї ва ислом ба вуҷуд омадаанд, такя ба пирони хирад дорад. Ва ин пирони хирад Шимон Пересро пешвои худ медонанд. Мулоқоти банда бо эшон дар ҳайати  маҳфили сардабирони ИДМ, Балтика ва Гурҷистон ду сол қабл сурат гирифта буд. Суҳбат, тибқи вақти муқарраршуда, ҳамагӣ як соат давом кард ва бисёре аз саволҳо беҷавоб монданд. Зиёрати Байт-ул-мақаддас, суҳбат бо арабҳои муқими Исроил, яҳудиёни беш аз 300-ҳазорнафараи тоҷикзабони Исроил, ки маъруф бо номи яҳудиёни Бухороянд, маро мутмаин бар он сохтанд, ки як силсилаи гузориш ва очеркҳоро нисбати ин кишвари пайғамбарзо рӯи коғаз меорам. Дил аз он ҳам наканда будам, ки ин суҳбати нотамом хотимаи худро дармеёбад.  Аммо тӯфони зиндагӣ ин имкониятро аз даст рабуда. Шимон Перес охири моҳи гузашта дар синни 94- солагӣ аз дунё даргузашт.

Дар он мулоқот банда китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро ба Шимон Перес ҳадя карда будам. Ӯ китобро гирифт, ё вазнинӣ буд, ё муҳаббате, ки ба илм дошт,  ба сари сина пахш намуд. Шояд ин аввалин китобе дар бораи тоҷикон буд, ки   Президенти Исроил, кишваре, ки даст дар набзи дунё дорад, дар сари сина  нигоҳ  медошт.

-Ҷаноби Президент,  шумо яке аз пешвоёни миллии  дар ҷаҳони сиёсат эътирофшуда ҳастед,  умри дарозу  пурбаракат дидед. Буданд  ҳолатҳое, ки шумо бо зуҳуроти  антисемитизм рӯ ба рӯ омада бошед?

 

— Бале. Ин зуҳурот фоҷиае буд, ки сабабгори марги шаш миллион яҳудиён, аз ҷумла 1,5 миллион кӯдак гашт ва он ҳеҷ гоҳ аз пеши рӯям дур намеравад. На ҳар ҳодисаи рухдодаро метавон шарҳ дод. Беморӣ феномени ғайримантиқӣ, бадбинӣ унсури номатлуб ва ғайримантиқист. Беморие ҳаст бо номи антисемитизм. Яҳудиён ҳамеша мавриди таъкиб қарор доштанд. Ба яҳудиён ваҳшатҳоеро мансуб медонистанд, ки ҳаргиз онҳо содир накардаанд.

 

Антисемитизм бемории яҳудиён нест, онро берун аз хоки кишвари ман мебояд ҷуст.

Дар Исроил антисемит будан душвор аст. Бобокалон, бибикалон, фарзандони онҳо, бобою бибии ман аз ҷониби натсистҳо кушта шуданд. Бобои ман равин буд, ибодатгоҳ (сенагог)-и ӯро якҷо бо ибодаткунандагон сӯзониданд. Ман ин шаҳракро ҳануз пеш аз ҷанг (манзур Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Шимон Перес дар Белорусия ба дунё омадааст) тарк карда будам ва тавонистам бо бобоям хайру хуш кунам. Ӯ дар вакзал қабл аз гусел гуфта буд: «Ман намедонам ба сари ту чӣ меояд, намедонам, ки ба сари ман ҳам чӣ меояд. Аммо як хоҳиш дорам — ҳамеша яҳудӣ бимон». Ман ин сухани бобоямро фаромӯш накардам.

Ҳоло дар Аврупо зуҳуроте ба миён омадааст, ки боиси нигаронии мо гаштааст. Таваллуд сахт афтодааст, қувваи корӣ намерасад. Барои ҳамин аз кишварҳои дигар қувваи корӣ меояд. Акнун ин аврупоиҳо навомадагонро чашми дидан надоранд. Ҳоло дар баробари антисемитизм ксенофобия арзи вуҷуд кардааст. Ҳарчанд ин бадбинӣ нисбати онҳоест, ки кишварашон ба онҳо зарурат дорад.

Умедворам рӯзе мерасад, ки ин беморӣ табобат меёбад, аз байн меравад.

 

— Аз нигоҳи шумо ягон қолаби тайёри давлатсозӣ вуҷуд дорад, ё он барои ҳар халқ махсусият ва роҳу равиши худро дорад?

 

— Ман фикр мекунам давраи аз ҳисоби хоҷагии қишлоқ, кишти замин зиндагиро ба роҳ мондан хотима ёфт. Ҳоло марҳилае оғоз ёфт, ки халқҳо на аз ҳисоби кишоварзӣ, балки аз ҳисоби илм зиндагиашонро ба роҳ монанд. Ва ин мантиқан дуруст аст, зеро вақте ки замин моро мехӯронд, мебоист онро бо ҳам бубинем, тафаккури миллӣ, сарҳадамонро ҳифз намоем.  Ҷангҳои зиёд дар ин замина аланга гирифтанд. Яке мехост заминашро ҳифз кунад, дигаре мехост ҳудудашро васеъ кунад. Инҳо сабабгори ҷангҳо гашта буданд. Ҳоло дунё дигар шудааст. Ҷанг,  артиш дигар чунин аҳамият надоранд. Зеро илмро наметавон ғасб намуд, аз болои он ғалаба ба даст овард. Илм сарҳад, миллат надорад. Мо ба қарни дигар қадам мегузорем, аммо маъмурини бисёр кишварҳо ҳанӯз пой дар завлони дирӯз ҳастанд. Мо бояд роҳҳои мутобиқ шудан  ба шароити навро биҷӯем.

 

Ман итмонон дорам, ки дар ниҳоят ҷаҳон ба дасти роҳбарияти нав меафтад. Давлатҳои миллӣ дар қиёс бо собиқ заиф шудаанд. Зеро ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) онҳоро аз назорати иқтисодиёт дур афканд.

 

Амалан ҳоло ду шакли ҳокимият арзи вуҷуд кардааст — шакли ҳокимияти давлати миллӣ  ва шакли ҳокимияти  қудратҳои иқтисодии ҷаҳонӣ .

 

Бовар дорам анқариб ҳолате бармеояд, ки ҳукуматҳои миллӣ танҳо ба корҳои дохилии кишвари худ машғул мешаванд. Корпоратсияҳои байналхалқӣ ба иқтисодиётро ба даст мегиранд, инсонҳо бошанд аз паи рушди қобилият ва истеъдоди худ мешаванд. Он гоҳ натанҳо аз нигоҳи иқтисоди сиёсӣ, ҳамчунин аз нигоҳи тарзи тафаккур  қарни нав оғоз меёбад ва мо дар ҷаҳони нав зиндагӣ хоҳем кард.

 

— Бузургтарин муваффақияти шумо дар зиндагӣ чист ва чӣ чизе буд, ки шумо натавонистед онро ба иҷро расонед?

 

— Бузургтарин муваффақият дар зиндагии ман онест, ки умедворам фардо ба он комёб хоҳам шуд. Барои ман, дар асл, бузургтарин муваффақият  расидан ба сулҳ аст. Қаблан ҳам гуфтам, ки нақши роҳбарӣ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон тағйир ёфтааст, амалан сарварони давлатҳо мамлакаташонро идора намекунанд.

 

Агар шахсе назди мардум мебарояд ва мегӯяд: «Ман аз ҳама тавонотар  ҳастам, ман аз ҳама оқилтар ҳастам», мардум метавонанд аз ӯ бипурсанд: «Бале, аммо шумо метавонед оҷилан  мушкилоти каср (дефитсит)-ро дар мамлакат ҳал кунед?» — «Не». — «Шумо метавонед мушкилоти террорро ҳал кунед?» — «Не».

Дар асл, кам чизест, ки ба мо вобастагӣ дошта бошад. Барои ҳамин мехоҳам зикр намоям, ки шахсе, ки мехоҳад роҳбар, пешво бошад, бояд донад, ки ӯ имрӯз воқеан мардумро идора намекунад. Ӯ ёрӣ ба онҳое мерасонад, ки ҳусни таваҷҷуҳашон  эшонро раҳнамоӣ мекунад, на кӯшиши писанд омадан ва тарс.

 

Ман қариб 60 сол  дар мансабҳои гуногун — аз сарвазирӣ то вазирӣ  дар ҳукуматҳои гуногуни Исроил кору фаъолият дорам. Даме аз ман  мепурсанд, ки вақти худро бештар сарфи чӣ кардам, бояд ҳақбинона бигӯям, ки  нисфи вақти ман сарфи пешгирии ҷанҷолҳо миёни  одамон буд. Дар ҳукумат ҳамеша ҷанҷол ҷой дорад. Як вазир вазири дигарро бад мебинад, пайваста якдигарнофаҳмӣ, муноқиша ҷой дорад. Лозим меояд, ки якеро ором созӣ, дигареро таскин диҳӣ, яке шубҳа дорад, ки барояш монеа эҷод мекунанд, дуюмӣ ҳасад аз дастоварди дигаре мебарад. Вақте ки ман сарвазир будам ва қароре қабул мекардам, қариб ҳама муқобили ман буданд. Дар ин мақом касе ба ман ташаккур нагуфтааст. Ҳоло ман Президент ҳастам. Қариб, ки дастгоҳ надорам, маъмурини зиёд надорам, ихтилоф, низоъ нест ва нисбатан одами озод ҳастам. Ман акнун ба касе дастур намедиҳам, хоҳиш мекунам, ки  кореро ба анҷом расонанд. Ҳоло ҳамчун Президент дар қиёси замони сарвазирӣ корҳои бештареро ба анҷом мерасонам. Зеро одамоне, ки қаблан ба дастур ва фармонҳои ман манфӣ муносибат доштанд, ҳоло бо камоли майл  хоҳиши маро иҷро мекунанд. Барои ҳамин зарур аст, ки дар кишварҳо қудрати ҳусни ният рӯи кор ояд. Ҷавонони зиёде ба ман муроҷиат мекунанд ва мепурсанд, ки  пешво будан чист? Ман мехоҳам пешво шавам, нақши бузург дошта бошам. Ман барояшон пайваста мегӯям:

 

«Агар пешво шудан хоҳед, шуморо лозим аст, ки  аз болои мардум ҳукумат наронед, балки  ба онҳо кумак кунед. Ин аз ҳама чизи муҳим аст «. Аҷиб аст, ки солҳои охир эҳтиром ба ҳукуматҳо хеле костааст, сиёсатмадоронро касе дӯст намедорад, дӯст медоранд, ки сиёсатмадоронро зери тозиёнаи интиқод гиранд ва телевизионро касоне дӯст медоранд, ки чеҳраашон аз тариқи телевизион хушоянд  аст.

Мехоҳам як таърихчаеро бароятон қисса кунам, ки дар вазорати алоқа шунида будам: ҷавоне духтареро дӯст медорад ва ҳар рӯз ба ӯ номаи ошиқона менависад. Оқибат ин духтар ба хаткашоне издивоҷ мекунад. Маънӣ, сиёсатмадорон ҳам бо хаткашон издивоҷ мекунанд, на ба мардуми худ. Аз ин ҷост, ки муҳаббати мардум коста гаштааст ва замоне, ки дунё босуръат ва бошиддат дигар мешавад, сиёсатмадоронро ҳам лозим аст, ки дигар шаванд.

— Дар ҳалқаи хатар қарор доштани Исроил чӣ таъсире ба яҳудиён дорад?

— Ҳалқаи хатар ҷой дорад, аммо мо мехостем аз он халос шавем. Дар 66 сол Исроил ҳафт маротиба мавриди ҳамла қарор гирифт. Ҳол он ки дар марҳилаи аввал мо ҳатто силоҳ надоштем.

Исроид давлати кӯчак аст. Нисфи хоки он биёбон аст. Об нест, ду кӯл дорем – яке Мурдакӯл (Мёртвое море), дигаре кӯле дар марҳилаи мурдан қарор дорад. Рӯди номдори Иордан дорем. Вале дар он аз об дида таърих бештар аст. Ин рӯд не, ҷӯйча аст. Мо маъданҳои зеризаминӣ надорем. Бисёре аз яҳудиён шиква доранд, ки чаро Мӯсо (Моисей) моро аз Миср ба Арабистони Суудӣ набурду ба ин ҷо овард. Арабистони Суудӣ нефт дошт ва зиндагиамон хеле олӣ мебуд. Аммо ман аз ин амали Мӯсо маъюс нестам. Ман хурсанд ҳастам, ки моро ба Арабистони Суудӣ набурд. Агар он ҷо мебурд,  мо танбал мешудем, мо соҳиби ҳама чиз мешудем ва ҳеҷ коре ҳам намекардем. Натиҷа, кишвари мо захираҳои табиӣ надорад, аммо душманони зиёд дорад. Ибтидо мо 600 ҳазор яҳудӣ дар муқобили миллионҳо арабҳо будем. Онҳо соҳиби артиш буданд. Аммо мо чизеро кашф кардем, ки аз ҳама муҳимтар буд ва ин захираҳое ҳастанд, ки одам дар худ дорад. Ман фикр мекунам, ки ин аз захираҳои табиӣ дида муҳимтар аст. Ҳар инсон ба андозае соҳибистеъдод аст, ки аз дарки худаш болотар мебошад. Давлати Исроил гувоҳи он аст, ки инсон заминро ғанӣ месозад, на замин инсонро.

 

— Исроил омода аст, ки ҳамсоягонаш аз таҷрибааш баҳра бардоранд?

 

— Илм ва технология дастоварди ин сарзамин аст, мо соҳиби кишоварзии хуб ва пешрафта ҳастем. Маҳсулоти зиёди кишоварзӣ содир мекунем ва бисёриҳо инро мӯъҷиза меҳисобанд. Исроил   як ҷазираи сиёсӣ дар баҳри давлатҳои араб аст. Бисёре аз кишварҳои арабӣ зидди мавҷудияти Давлати Исроил буданд. Ҳамин ки  он бунёд шуд, онҳо сар ба мубориза бархестанд. Мо чӣ мехоҳем? Мо мехоҳем мардуми худро муҳофизат кунем, низ мехоҳем ин баҳри давлатҳои араб ором бошад. Мо намехоҳем, ки ин  баҳр ноором, тӯфонӣ бошад.  Ин ба мо лозим нест. Мо мехоҳем ба ҳамсоягонамон  кумак кунем, вале намехоҳем, ки  онҳо пули додаи моро беҳуда  сарф кунанду ҳеҷ кореро ба анҷом нарасонанд.  Мо мехоҳем, ба дигарон  технологияи худ, дониши худро биомӯзонем. Мо метавонем, ки аз як қатраи об  панҷ ќатра об ҳосил кунем. Мо технологияи биёбони хушкро ба замини кишоварзӣ табдил доданро дорем. Мо метавонем ба кишварҳое, ки замини зиёд, об доранд, технологияи худамонро пешниҳод кунем. Масалан, ҳоло ба иртиботи дарёи Нил ихтилоф миёни Миср ва Эфиопия вуҷуд дорад. Эфиопия мехоҳад обанбор созад. Аммо Миср мухолиф аст, зеро обашон кам мешавад. Мо дасти кумак дароз мекунем, мо ба онҳо мегӯем, ки омода ҳастем аз оби як дарёи Нил се дарёи Нил созем. Ин воқеист. Барои ҳамин мо мегӯем, ки биед муштарак кор кунем, ба дигарон дасти ёрӣ дароз кунем, дар кишварҳои ҷангзада зиндагии мардумро беҳтар созем.

Рисолати инсон ҳам дар ҳамин аст.

 

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *