10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон. Ғолибон муайян шуданд

Имрӯз, 8 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор шуда, натиҷаҳои озмуни “10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016”  эълон гардид.

Дар ибтидои ҷаласа вазири маориф ва илми Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар назди ҳозирин баромад карда, гуфт, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаномаи “Тоҷикистон” моҳи феврали соли 2016 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016”- ро оғоз бахшид. “Озмуни мазкур дар арафаи ҷашни Истиқлолият ҷамъбаст гашт. Бо сабаби дар моҳи сентябр зиёд будани чорабиниҳои сиёсӣ тасмим гирифта шуд, ки натиҷаи ин озмун, имрӯз дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардад”-иброз дошт вазир дар назди ҳозирин.

Сипас, сухан барои эълони ҷамъбасти озмун ба раиси ҳайати мушовара ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур дода шуд. Шариф Ҳамдампур  дар оғоз  роҳбарони вазорат, муассисаҳои таълимӣ ва илмии Тоҷикистон, хулоса тамоми ҳозиринро  ба ифтихори ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷумла, иброз дошт:

-Воқеан, нақши шумо омӯзгорони азиз дар барқароршавӣ ва рушди пайваста ва устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол бузург аст. Ман мехостам имрӯз вазири мӯҳтарами маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидро махсус табрик кунам. Дар муддати кутоҳ ин роҳбар ва шахсияти дилсӯзи маориф тавонист дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузурге бозад. Мактабҳо, донишкадаҳо ва муассисаҳои илмии тозабунёди Тоҷикистон боиси ифтихоранд. Ҳатто, дар деҳаҳои дурдаст мактабҳое бунёд гаштанд, ки амсолашон дар шаҳрҳои бузург нест.

Ҳадаф аз гузаронидани озмуни  10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» омӯзиши афкори омма, таваҷҷӯҳи онҳо ба нақши макотиби олии ҷумҳурӣ дар рушди маориф, илм, вусъати ҳамкориҳо бо макотиби олии кишварҳои хориҷӣ мебошад.  Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз рӯйи 10 номинатсия баргузор гашта, дар он 26 макотиби олии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар рӯзномаҳои “Тоҷикистон”, “Аргументи и факты в Таджикистане”, сомонаи “Tajikistantimes.сom” маводҳои зиёде дар таблиғи дастоварҳои ин донишгоҳу донишкадаҳо чоп ва дастраси хонандагон гашт. Мувофиқи пурсиши ҳафтаномаи «Тоҷикистон” ҳудуди се миллион  хонандагони дохили ва хориҷи кишвар аз фаъолияти ин донишгоҳҳо огоҳӣ пайдо карданд ва ин донишкадаҳо тарғиб гаштаанд. Раиси ҳайати мушовара ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” хеле афсӯс хӯрд, ки донишгоҳҳои олии вилояти Суғд аз ин имконият истифода набурданд.

Ғолибони озмунро  муовини вазири  маориф ва илми ҶТ Одиназода Бозоралӣ Неъмат эълон кард. Ҷоиза ва дипломҳоро ба ғолибон ва барои истироҳат ба пешоҳангон 2 роҳхат ба осоишгоҳи “Баҳористон” ва як роҳхат ба “Сароб” –ро Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Шариф Ҳамдампур, раиси ҳайати мушовара, сармуҳаррири “Тоҷикистон” тақдим намуданд.

Ғолибони озмуни «10 –гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016»

-Аз рӯйи номинатсияи Универсалӣ (мавҷудияти номгӯи васеи ихтисосҳо ва дастоварҳои кул) ва роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

-Аз рӯйи номинатсияи Шароити мусоид (фароҳам овардан барои таҳсил ва зист) ва роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

-Аз рӯйи номинатсияи  Устодони соҳибсалиқа  (соҳибтаҷрибагии  омӯзгорон) ва роҳхат ба осоишгоҳи «Сароб» Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;

-Аз рӯйи номинатсияи Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас (муттаҳидии коллективи  донишҷӯён) Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;.

-Аз рӯйи номинатсияи Рақобатпазири мутахассисон ( талабот ба кадрҳои мактаби олӣ  дар бозори меҳнат) Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;

-Аз рӯйи номинатсияи Илм дар амал (татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот) Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ:

-Аз рӯйи номинатсияи Шӯҳрат ва ифтихор (дастовардҳои донишҷӯён) Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур;

-Аз рӯйи номинатсияи Маъруфият ва робита (ҳамкорӣ бо макотиби олии хориҷӣ) Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;

-Аз рӯйи номинатсияи Мавқеи фаъол  (иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ) Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев;

Аз рӯйи номинатсия Пешоҳанг (татбиқи инноватсия ва технология) Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *