Исроил фаъолияти як бахши СММ барои кӯмак ба гурезаҳои фаластиниро манъ кард

Исроил ду қонунеро тасвиб кард, ки фаъолияти Оҷонсии кӯмак ба паноҳандагони фаластинии Созмони Милал дар Шарқи Наздик (UNRWA) дар Исроил ва қаламравҳои онро мамнӯъ мекунад. Дар ин бора нашрияи The Times of Israel хабар додааст.

Қонуни аввал фаъолияти мустақим ё ғайримустақими UNRWA-ро манъ мекунад.  Қонуни дуюм созишномаи соли 1967 байни Исроил ва UNRWA-ро қатъ мекунад. Ҳуҷҷатҳо мақомоти давлатии Исроилро аз нигоҳ доштани ҳама гуна иртибот бо UNRWA манъ мекунанд, ки фаъолияти онро дар Ғазза ва соҳили Ғарб ба таври муассир маҳдуд мекунад.

Исроил иддао дорад, ки беш аз 10 дарсади кормандони UNRWA дар Ғазза бо гурӯҳҳои радикалӣ, аз ҷумла Ҳамос иртибот доранд.

Дар моҳи августи соли 2024 СММ иқрор шуд, ки нӯҳ корманди оҷонсӣ шояд дар ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар моҳи октябри соли 2023 ширкат дошта бошанд. Қарор  дода шуд, ки Ҳамаи онҳо аз кор озод карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *