Қиссаи Тоҷиддин- командир ва посбони ӯ

 

Тоҷиддин-командир (подполковник Тоҷиддин Насриддинзода) ҳафтаи гузашта дар пайи рабудани посбони ҳавзаш аз сӯи қочоқбарони афғон боздошт шудааст.

Вале дар  номае  ба президент Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз як сол пеш Тоҷиддин -командир ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир айбдор шуда буд.

Подполковник Тоҷиддин Насриддинзода, маъруф ба лақаби Тоҷиддин-командир баъди рабудани посбони 55-солаи ҳавзаш Ҳабиб Қарохонов аз сӯи қочоқбарони афғон дар боздошт қарор дорад ва мақомоти Тоҷикистон талош доранд, то Қарохоновро аз дасти қочоқбарон раҳо кунанд.

Бо ин ҳол, маълум мешавад, ки ҳанӯз як сол пеш мақомоти баландпояи Тоҷикистонро аз эҳтимоли дар қонуншиканиҳо, аз ҷумла тиҷорати маводи мухаддир даст доштани ин афсари баландпоя огоҳ карда будаанд.

Дар як номае, ки ҳанӯз моҳи августи соли 2016 ба номи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ирсол шудааст, муаллиф аз бедодгариҳои Тоҷиддин-командир шикоят кардааст.

Дар нома гуфта мешавад, ки «Мо фикр кардем, шахсоне ки дар солҳои 1991-1992 мардумро озор медоданд дар ин 25 соли истиқлолият нест шудаанд, аммо мутаассифона, ҳоло ҳам чунин шахсони золиму Худонотарс ҳастанд. Яке аз онҳо ин Тоҷиддин(Камандир) аз н.М.А Ҳамадонӣ ки ҳоло дар в.Хатлон началники 6-ум отдели ш.Қӯрғонтеппа кор мекунад.”

Муаллиф Тоҷиддин Насриддинзодаро ба он айбдор мекунад, ки аз мансабдорони баландпоя мардуми бегуноҳро азоб медиҳад. Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки ин афсари баландпоя дар куштори Қиёмча ном нафаре, ки дар болои кӯпруки маҳаллаи 46 бо корд кушта шуд, даст дошт. Муаллиф ҳамчунин дар номааш ба президент Тоҷиддин-командирро дар даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир айбдор кардааст:»Ҷаноби олӣ! Шумо дар суханрониҳоятон хамеша дар бораи пешгирӣ намудани нашъаҷаллобӣ таъкид мекунед, аммо нашъаҷаллоби калонтарини н.М.А Ҳамадонӣ ин Тоҷиддин (командир) мебошад,ки ҳаёти чандин ҷавонро барбод додааст. 5 ҷавоне ки аз н. Ҳамадонӣ маводи навъи героинро ба онҳо хӯронда, бо мақсади ба даст овардани маблағи калон онҳоро ба Федератсияи Россия фиристод.Онҳо ба Россия расида дар даруни шиками 4-тои онҳо героин кафида, ҳамаи онҳо қурбонӣшуданд.Яке аз онҳо ба дасти полиси Россия афтода онро зиндонӣ карданд ва ҳоло аз зиндон озод шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Тоҷиддин ба ӯ ваъдаи пулӣкардааст ки ба касе чизе нагӯяд. Тоҷиддин аз Шоҳин-Қумандон ки аз Афғонистон қариб 1млн доллари амрикоӣ бар ивази нашъа қарздор мебошад.”

Дар нома ҳамчунин гуфта мешавад, ки бародари Тоҷиддин -командир бо номи Ҷамшед, ки муфаттиш буд, аз ҷониби маъмурони Агентии мубориза бо коррупсия барои гирифтани 10 ҳазор доллар пора дастгир шуда буд, вале «ба ин нигоҳ накарда ҳоло ҳам у дар озодӣ сайру гашт дорад.” Муаллиф аз раисиҷумҳур хостааст, ки ҳамчун «сояи Худованд” пеши роҳи чунин «золимон”-ро бигирад.

Ин нома рӯзи 26 августи соли 2016 тавассути сомонаи toptj.com ба номи раисиҷумҳури Тоҷикистон ирсол шудааст.

Худи Тоҷиддин Насриддинзода низ ҳаводиси ахири дар атрофи ӯ пешомадаро то кунун шарҳ надодааст.

Номи полковник Тоҷиддин Насриддинзода ҳафтаи гузашта вақте расонаӣ шуд, ки рӯзи 15 сентябр як гурӯҳи қочоқбар Ҳабиб Қарахонов, посбони 55-солаи ҳавзи Тоҷиддин-командирро аз маҳалли кораш дар ноҳияи Ҳамадонӣ рабуда, ба Афғонистон бурданд. Он рӯз Қарахонов ҳамроҳи Саййфиддин Насриддинов, падари Тоҷиддин Насриддинзода ҳавзро посбонӣ мекард. Гумон меравад, ки ин одамрабоӣ ба муомилаҳои ғайриқонунии маводи мухаддир рабт дорад.

Мақомоти пулиси вилояти Тахор мегӯянд, бино ба маълумоти онҳо, қочоқбарон Ҳабиб Қарохоновро ба тарафи минтақаи Рустоқи ноҳияи Дарқад бурдаанд, вале маҳалли дақиқи асорати ин шаҳрванди тоҷик ҳанӯз маълум нест.

Қочоқбарон дар ин байн як дафъа бо наздикони посбони ҳавзи Тоҷиддин-командир тамос гирифта, дар асорати онҳо будани Ҳабиб Қарохоновро хабар додаанд, вале шарти раҳоии ӯро ҳанӯз нагуфтаанд. Ҳавзе ки Қарохонов посбонӣ мекард, дар яккилометрии марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Афғонистон ҷойгир шудааст.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки рӯзи 15 сентябр, соати 20:30 дар минтақаи тобеи отряди сарҳадии Ҳамадонӣ нирӯҳои марзбонӣ ҳамроҳ бо кормандони Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон бо қочоқбарони афғон вориди задухӯрд шуданд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи марзбонҳои тоҷик гуфт, «як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд. Қочоқбарон аз торики шаб истифода бурда ба самти ҶИА фирор карданд.”

Бино ба ин манбаъ, аз ҷои ҳодиса ҳангоми азназаргузаронӣ тақрибан 13 кг маводи мухаддири навъи афъюн, 1 кг бангдона, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, 5 адад тирдон, 132 дона тир, 1 адад ГП-25 (подствольник) бо 3 дона тир пайдо кардаанд. Аммо дар хабари сарраёсати қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон дар бораи рабуда шудани шаҳрванд Ҳабиб Қарохонов чизе гуфта намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *