Айниро аз боғаш мекӯчонанд?

 

Тавре,ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хабар дода мешавад, тасмим гирифта шудааст, ки марқади Устод Айнӣ,Бобоҷон Ғафуров  ва чанд нафар и бузургони дигар аз боғи Айнӣ бардошта мешавад.

Ин хабар дар байни аҳли зиё я таҳавулотеро ба миён овардааст ва онҳо дар мавриди кучондани қабри ин бузургон изҳори ташвиш менамоянд. Қабалан хабар дода будем,ки Боғи Айнӣ ҳоло бозсозӣ шуда истодааст ва мувофиқи гуфтаҳо он бояд ба як маркази дилхушии навбатӣ  табдил ёбад ва  ҳузур доштани ин бузургон гӯё ба дилхушӣ халал ворид мекарда бошад. Аммо онҳое, ки ба ин назар мухолифанд, мегӯянд, ки боғи мазкурро метавон ба як Боғ-музеи фарҳангӣ ва таърихи миллат табдил дод. Зеро дар пойтахт боғҳои фароғатӣ кам нестанд ва аз илова гардидани ин боғ ба сафи онҳо чизе тағйир намеёбад. Аммо агар ин боғ ҳам ҷои зиёрати бузургон ва ҳам ифшокунандаи таърихи миллат гардад, беҳтарин иқдом мебуд. Дар мавриди тақдири минбаъдаи  Айнӣ, Ғафуров ва шахсиятҳои дигари дар ин боғ дафнгардида ҳанӯз ягон изҳороти расмӣ ба нашр нарасидааст ва  гумон мекунем,ки ақли солим аз болои манфиатҳои чандлаҳзаина ғолиб меояд ва арвоҳи бузургонро ташвиш намедиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *