Диққат: Дар Душанбе оби нӯшокӣ қатъ мешавад

Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе қарор кардааст, ки барои таъмир ва омодасозии истгоҳҳои обтаъминкунии “Фишорӣ”, “Худҷореъ”, “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” ва “Кофарниҳон” ба зимистон, интиқоли об барои сокинони пойтахт муваққатан қатъ карда мешавад.

Тибқи ҷадвали тасдиқкардаи шаҳрдорӣ интиқоли об дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ, ҶДММ “Кохи Наврӯз” ва кӯчаи Варзишгарон (ноҳияи Сино), хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Озодии занон, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон (ноҳияи И.Сомонӣ), ки тавассути истгоҳи обтаъминкунии “Фишорӣ” об мегиранд, аз соати 23:00-и рӯзи 18 октябр то соати 24:00-и 19 октябр қатъ мешавад. 

Инчунин маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Телман, Анзоб, Гулистон, Зайнаб бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2 кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1 то 77 (ноҳияи Шоҳмансур), маҳаллаҳои 10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам (ноҳияи Сино), кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе (ноҳияи Фирдавсӣ) аз соати 23:00-и 27 сентябр то соати 24:00 28 сентябр интиқоли об тавассути истгоҳи обтаъминкунии “Худҷореъ” қатъ мегардад. 

Маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддин (ноҳияи Фирдавсӣ), кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб (ноҳияи Шоҳмансур), ки аз истгоҳи обтаъминкунии “Кофарниҳон” об мегиранд, аз соати 23:00-и 4 октябр то соати 24:00-и 5 октябр об намегиранд.

Интиқоли об тавассути истгоҳи обтаъминкунии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” аз соати 23:00-и 11 октябр то соати 24:00-и 12 октябр дар маҳаллаҳои маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ), маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва Ханжин (ноҳияи Сино) қатъ мешавад. 

Шаҳрдорӣ аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд. Дар қарори Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ — Табарзода Ҷамшед, И.Сомонӣ — Самӣ Шариф, Шоҳмансур — Ҳакимзода Низом, Сино — Салимзода Нусратулло ва директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Убайдов М.Д муваззаф шудаанд, дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *