корд

Истаравшан: Ҳам ҳамсарро корд зад, ҳам додари ӯро

Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ аз сӯиқасди марде ба ҷони ҳамсараш хабар дод. Ҳодиса санаи 9-уми феврали соли 2023 рух додааст.

Ба иттилои вазорат, «ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Истаравшан ба ҳавлии истиқоматии волидайни ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ҳиссиёти рашк бо корд 3-4 маротиба ба аъзои бадани ӯ ва 1 маротиба ба бадани додарарӯсаш — ноболиғи 8-сола задааст, ки дар паҳлуи ҳамсараш хоб будааст».

Сабаби ҳодисаи мазкур, ки дар натиҷа ҳамсар ва додараш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, «ҳиссиёти рашк» гуфта мешавад, вале дар ин бора назари худи онҳо маълум нест.

Дар мавриди ин қазия тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *