варзишгарони беҳтарин

Беҳтаринҳои соли 2022 Ҷоизаи президентиро гирифтанд

Барои ҳавасмандии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор варзишгарон ҷоизаи пулӣ дода шуд.

Ба 35 варзишгари беҳтарини кишвар, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2022 мебошанд, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эъто шуд.

Маблағи умумии ҷоизаҳо дар соли равон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 568 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар ва мураббӣ аз 6250 то 50000 сомонӣ аст.

Барандагони ҷоиза асосан онҳое мебошанд, ки дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё дар намуди бокс, ҷудо, куштии юнонӣ-румӣ, куштии озод ва таэквандо ВТ соҳиби медал гардидаанд. Инҳо Темур Раҳимов, Шодмон Ризоев, Асламҷон Азизов, Баҳодур Усмонов, Муҳаммад Аброриддинов, Моҳрў Ҳалимова, Сомон Маҳмадбеков, Мустафо Аҳмадов, Нуралии Эмомалӣ, Давлат Болтаев, Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Шаҳбоз Ҳаитов, Сумайя Қосимова, Некрўз Салимов, Абдумалик Болтаев, Хусрав Раҳимов, Муҳаммадамин Абдуллоев, Алиризо Баҳромов, Анӯшервон Фозилов, Исо Нураҳмадов, Суннат Абдуллоев, Расул Аҳадов, Малика Нозимова, Нурланбек Эрматов, Ҳусния Холова, Фирўз Мирзораҷабов, Рустам Ашўров, Ҳангома Исоева, Руслан Ғафуров, Акмал Абдувалиев, Фсуф Фозилов, Ҳусейн Ҳасанов, Муҳаммад Абдуҳакимзода, Нурулло Муродов ҳастанд.

Дар соли 2022-юм 650 варзишгар, аз ин шумора 34 бону ба 64 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 548 медал, аз ҷумла 150 тилло, 162 нуқра ва 236 биринҷӣ ворид кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *