Мегафон

Фурсати сарфакунии маблағро аз ҳисоби “Интернет барои хона”аз даст надиҳед

Тахфифҳои панҷоҳфоизае, ки то охири сол амал хоҳанд кард, насия барои тарофаҳои солона – МегаФон Тоҷикистон истифодабарандагони хизматрасонии “Интернет барои хона”-ро якбора бо ду иқдом хушҳол намуд.  

50% тамоми сол сарфа мекунем

Иқдоми “GPON” то 31 март идома хоҳад кард. Дар он сокинони Душанбе, ки дар маҳаллаҳои  №№21, 46, 61, 63 ва 64 дар хиёбонҳои С.Шерозӣ, Н.Қарабоев ва Ҷомӣ, кӯчаҳои Деҳотӣ, 50-солагии Тоҷикистон, Фирдавсӣ ва М.Қосимов зиндагонӣ мекунанд, метавонанд иштирок намоянд. Фарогирии яклухт аз рӯи технологияи “GPON” имкон медиҳад, ки интернети ноқилӣ аз МегаФон дар ҳар як хона бо шартҳои муфид пайваст карда шавад.   

Тахфифи панҷоҳфоиза барои иштирокчиёни иқдом то охири сол амал мекунад. Ҳамин тариқ, тарофаи ҳармоҳаи “Барои Хона 3 Мбит/с” бо нархи 70 сомонӣ (ба ҷои 140 сомонӣ),  “Барои Хона 5 Мбит/с” бо нархи 85 сомонӣ (ба ҷои 170 сомонӣ), “Барои Хона 10 Мбит/с” бо нархи 140 сомонӣ (нархи муқаррарӣ – 280 сомонӣ) дастрас мешавад. Нархҳои махсус дар сурате нигоҳ дошта мешаванд, ки агар муштарӣ дар давоми 12 моҳи аввал тарофаи худро иваз накунад.

Тарофаи солона – ба насия

Иқдоми дуюм – барои онҳоест, ки тарофаҳои солонаро бо шартҳои муфид интихоб менамоянд. Дар ин ҳолат ҳангоми саривақт пур карда натавонистани тавозун онҳо метавонанд аз қатъшавии интернет нигарон набошанд. МегаФон Тоҷикистон ва “Алиф Бонк” пешниҳод мекунанд, ки ба шабака бе фоиз ба насия пайваст шаванд. Масалан, маблағи тарофаи солонаи “Барои Хона 3 Мбит/с”-ро дар ҳаҷми 720 сомонӣ бо истифода аз корти “Салом” аз “Алиф Бонк” метавон дар давоми як сол қисм ба қисм пардохт намуд. 

Истифодабарандагони нави хизматрасонӣ бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки пайвасткунии “Интернет барои хона” дар суроғаи зарурӣ аз ҷиҳати техникӣ имконпазир аст. Ин корро метавон тариқи телефони 4747, дар сомонаи https://home.megafon.tj ё идораи марказии оператор бо суроғаи Рудакӣ 89 анҷом дод. Агар муштарии оянда дар минтақаи амали шабакаи GPON ё FTTB (Ethernet)-и ширкати “МегаФон Тоҷикистон” истиқомат дошта бошад, ӯ бояд ба кумитаи қарзии “Алиф Бонк” муроҷиат карда, дар идора ё сомонаи  https://alifshop.tj/category/megafon дархост гузорад. Баъди барасмиятдарории насия танҳо боқӣ мемонад, ки ба толори МегаФон дар хиёбони Рӯдакӣ 89 ҳозир шуда, тарофаи солонаро пайваст намоед. 

“Мақсади ҳарду иқдом – то ҳадди имкон қулай намудани истифодаи хизматрасонӣ барои муштариён маҳсуб меёбад. Шартҳои махсус ва насияи пардохт имкон медиҳанд, ки сифати баланди интернети хонагӣ баҳогузорӣ карда шуда, ҳар аъзои оила бо он таъмин карда шавад”, — мегӯяд диретор оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон ҒАНИЕВ.

Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасонии “Интернет барои хона” метавон дар  сомона ё тавассути анҷоми занг ба рақами 4747 дастрас намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *