Истаравшан: Худкушии ҷавонмард дар вақти нонушта
Худкушии ҷавонмард дар вақти нонушта, яъне соати 7-и пагоҳӣ ду ҳафта пеш рух дода буд. Аммо то ҳол сабаби сар задани чунин ҳолат “саволи мутлақ ” аст. Ҳамагон ва шоҳидон на танҳо аз ҷавон будани шахси худкуш, балки аз оилаи зиёӣ буданаш бештар афсус хӯрда мегуфтанд: Охир Аслонҷон писари одами хондагӣ, худаш ҳам маълумоти олидор…Оилааш тинҷу осуда, ҳатто оилаи намунавӣ… Дар баробари тахминҳои нек гумонҳои бад ҳам буданд, ки мегуфтанд: Худ ба худ хушкушӣ накардааст, шояд оилааш ҷанҷолӣ буд, шояд ягон мушкили равонӣ дошт, шояд қарздор буд, шояд гуноҳе карду аз ошкорашвияш тарс дошт…
Ин тахминҳои неку бад моро водор кард, ки роҳ пеш гирем сӯи макони руйдоди ҳодиса, яъне ҷамоати деҳоти Қаълаи калони шаҳри Истаравшан то бо наздикони марҳум сӯҳбат кунем:
-Ягон бор мисли дигар ҷавонмардҳо ҷанҷолу хархаша кардан, мисли баъзе мардҳо ба сари зан “дод” гуфтан ё даст бароштанашро надида будам. Ошнобозу телефонбоз набуд гӯям, ки ҳарду амалаш хато буду сарашро хӯрд. Аммо саҳарии 25 ноябр тахмин соат 7:00 ё 7:30 дақиқа буд, ки бо либосинаву тоза аз пеши тирезаи хона гузашт. Дидам, ки аз хоб хестааст ба келин гуфтам, ки ба Аслонҷон тухм паз. Келин тухмпазӣ рафт, ки як садои тақаррос баромад, ки мисли чизе аз баландӣ ба замин афтида бошад, аммо….-нақл кард модари марҳум Аслонҷон Набиев-Моҳира Юлдошева.
Идомаро дар шумораи набатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ