Президент: Фориғболӣ сабаби ҳамла ба сайёҳон шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон гуфт, агар кормандони мақомоти амниятӣ “фориғболӣ” намекарданд, мумкин буд, аз ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми суханронӣ дар ҳузури кормандони вазорати умури дохилӣ гуфт, гурӯҳи ҷавононе, ки 4 дучархасавори хориҷиро дар Данғара куштанд, ним сол ин ҳамларо тарҳрезӣ кардаанд.

“Агар мақомоти кормандони амният ва корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷ корҳои пешгирӣ ва назоратро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонданд, ҷинояти террористии ҳамла ба саёҳони хориҷиро пешгирӣ кардан мумкин буд. Чунки аксари шахсоне, ки ҷинояти нангинро содир карданд, сокинони ҳарду шаҳр ва ноҳия буданд ва беш аз шаш моҳ таёрӣ дидаанд” – гуфт, Эмомалӣ Раҳмон.

 

 

 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, он ҷавононе, ки ба хориҷиён ҳамла карданд, аз хонаводаҳое будаанд, ки дар сохторҳои амниятӣ сабт шуда буданд ва бояд ҳаракоти онҳо ҳатман зери назорати сохторҳои амният ва вазорати корҳои дохилӣ мебуд. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, надоштани иттилоот ва дар ғафлат мондани кормандони амниятӣ имкон дод, ки чунин ҷинояти нангине дар Тоҷикистон сурат бигирад.

“Пешгирӣ кардан мумкин буд, бубинед, чӣ қадар онҳо додугирифт карданд, рафтуомад карданд, ҷамъомадҳо гузарониданд, чӣ корҳое накарданд. Лекин мо фориғболӣ кардем” – гуфт, Эмомалӣ Раҳмон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳамкорӣ накардани мақомоти милиса бо ҷомеа дигар аз сабабҳои нотавонии мақомоти милиса дар ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо мебошад. Бисёре аз аъзои гуруҳе ки ба хориҷиён ҳамла кардаанд, сокинон ва ё зодагони Панҷу Норак будаанд.

Бори аввал аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷузъиёти ҳамлаи маргбор ба саёҳони хориҷӣ суҳбат мекунад ва мақомоти интизомиро ошкоро накуҳиш мекунад, ки дар ғафлат монда ва натавонистанд, ҳамлаи маргборро пешгирӣ кунанд.

Рӯзи 29-уми июл гурӯҳе аз ҷавонон ба 6 нафар аз сайҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ҳамла карда 4 нафари онҳоро куштанд ва бе ду тани дигар осеб расониданд. Ин ҷавонон аввал сайёҳонро бо мошин зер карда ва сипас бо корду табар ба онҳо ҳамла бурдаанд.

Дар натиҷа 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла 2 амрикоӣ, як шаҳрванди Ҳолланд ва як сайёҳи Швейтсария кушта шуданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар натиҷаи амалиёт барои боздошти муттаҳамон ба ҳамла чаҳор нафари онҳо кушта шуданд ва 1 нафарро дастгир карданд.

Айни замон дар Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи 15 нафаре идома дорад, ки ба анҷоми ин ҳамла муттаҳам мешаванд, ҳарчанд бисёре аз онҳоро барои пинҳон доштани ҷиноят муҳокима мекунанд.

Муттаҳами аслӣ ба ҳамла Ҳусейн Абдусамадов, сокини шаҳри Душанбе аст, ки ӯро саркардаи ин гуруҳ меноманд ва ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳо дар хориҷ муттаҳам мешавад.

Бармегарданд ва авлод ба авлодатонро мекушанд

 

Эмомалӣ Раҳмон, дар идомаи сӯҳбаташ дар бораи ифротгароӣ аз мақомот хост, ки он ҷавонони тоҷикро, ки дар кишварҳои хориҷӣ ва бахусус исломӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд ва ё аз замони ҷанги дохилӣ дар онҷо мондаанд, баргардонанд, зеро мумкин аст, дар оянда барои Тоҷикистон “мусибат биёранд”.

“Агар ба шарте мо як сол рӯз дер кунем, дер мешавад, чунки ҳамин кудаки 7-8 сола, баъди 10 сол дар дасти мактабҳои террористӣ ва муллоҳои экстремист мезанад, баргашта омада, авлод ба авлодатонро нест мекунад, қасос мегирад.”

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “Намедонем, ки тайёр шуда бармегардад, барои ҳамин хуб аст, ки ҳоло баргардонем.”

Бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз чанд соли пеш ҳазорон донишҷӯи тоҷикро аз кишварҳои исломӣ ба мисли Покистону Афғонистону Арабистони Саудӣ ва Эрон баргардониданд, аммо ба гуфтаи мақомот садҳо ҷавони дигар дар ин кишвар ҳамчунон ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд.

 

“Озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *