Истаравшан: Рустамбеки 4 сола ба деги суманак афтида сӯхт
21 март зимни баргузории ҷашни Наврӯз дар шаҳри Истаравшан Рустамбек Қобилови 4-сола ба деги суманак афтида сӯхт. Падари кӯдак, ки дар паҳлӯи писараш буд барои наҷоти фарзандаш ҳарду дасташро ба деги суманак андохта писарро аз дег берун овард, ки дар натиҷа дастони падар низ сӯхтанд.
Бино ба гуфти муовини мудири шӯъбаи наҷоти баччагонаи беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан Ғайратҷон Ҷӯраев, 55%-и бадани кӯдак сӯхта,айни ҳол дар шӯъбаи эёҳ бо марг дастагиребон аст:
-Бемор ҳолати вазнин дорад ва дасту пой, сару рӯяш ҷиддӣ сӯхтаанд. Аз ин рӯ 6 рӯз боз тамоми аҳли оилаи ӯ дар дари беморхона ҳастанд ва боумед ба ҳуш омадани Рустамбекро интизорӣ кашида истодаанд-афзуд Ҷӯраев.
Идомаро дар шумораи баъдии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ