Роботсозони ояндаи тоҷик ғолиби олимпиада

Дар олимпиадаи инжиниринг ва роботехникаи Русия «Роболига”, ки дар шаҳри Уфа доир шуд, толибилмони тоҷик ду медали тило ба даст овард. Дар сабқати сохтан ва парвози планерҳо ду ҷои аввалро Азамҷон Маҷидов ва Раҳмихудо Шукрихудоев ба даст оварданд. Тими Тоҷикистон (Даниил Умаров, Оқил Чилаев ва Ёқуб Файзуллоев) дар сабқати «Мошини Голдберг” низ дар Уфа сазовори ҷои аввал шуданд.

Академияи арифметикаи зеҳнӣ «Империя знаний”-и шаҳри Душанбе хабар дод, ки тими Тоҷикистон дар олимпиадаи роботсозии Русия сазовори ду ҷои аввал шуд. Дар ин мусобиқа бо номи «Всероссийская олимпиада поинженерингу иробототехнике «Роболига” , ки бо ширкати беш аз 450 нафар аз Русия ва кишварҳои СНГ иштирок доштанд.

Тоҷикистонро дар олимпиадаи роботехникаи Русия 6 нафар намояндагӣ мекард.

Академияи «Империя знаний” дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки бачаҳои тоҷик дар мусобиқаи «сохтан ва парвози планерҳо” ҳарду ҷои аввалро ба даст овард. Ҷои якум насиби Азамҷон Маҷидов ва мақоми дуюм насиби Раҳмихудо Шукрихудоев шудааст.

Тими Тоҷикистон дар ҳайъати Даниил Умаров, Оқил Чилаев ва Ёқуб Файзуллоев дар мусобиқоти тимҳо бо номи «Мошини Голдберг” низ ҷои аввалро соҳиб шудааст.

Ректори Донишгоҳи фаннии соҳаи нафти Уфа Рамил Бахтизин ҳангоми супурдани ҷоизаҳо аз сатҳи донишҳои фаннии толибилмони тоҷик дар роботехника ситоиш кард ва гуфт, мехоҳад ғолибони имрӯзаро дар оянда дар либоси донишҷӯи донишгоҳаш бубинад.

Исми Академияи арифметикаи зеҳнӣ «Империя знаний”-и шаҳри Душанбе дар тирамоҳи соли гузашта баъди ҳунарнамоии ҳайратовари ду шогирдаш Ёсуман Исмонова ва Манижа Тошболтаева дар дар барномаи «Удивительные люди” дар шабакаи телевизионии «Россия 1” ва 12 медали онҳо шогирдони дигари «Империя знаний” дар сабқати байналмилалии «GeniusKid-2017” дар шаҳри Маскав вирди забонҳо шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *