Истеҳсолу содироти барқи Тоҷикистон афзоиш ёфт

Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2022 ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 2,1 млн доллар барқ содир намудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 103 млн доллар сурат гирифтааст, ки 10,2% бештар дар муқоиса бо моҳҳои январ-ноябри соли 2021 (ҳудуди 93,6 млн доллар) аст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ҳиссаи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,2%-ро ташкил додааст.

Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон ба Ӯзбекистон интиқол меёбад. Мувофиқи қарордҳои имзошуда, соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 19,2 млрд киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, 2,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *