Истеъфои сармураббиҳо баъди бохтҳои навбатӣ
Ҳафтаи гузашта як бозии мавқуфмондаи даври сеюм ва бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Баъд аз ин вохўриҳо ду сармураббӣ аз вазифаи худ канор рафтанд.
Дар бозии мавқуфмондаи даври сеюм “Истиқлол” бар “Истаравшан” бо ҳисоби 3:0 пирўз шуд. Ҳар се голро Шервонӣ Мабатшоев зад.
Дар доираи бозиҳои даври чордаҳум “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода силсилаи бозиҳои бебарорро дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 идома дод ва бори нуҳум дучори бохт шуда, дар минтақаи хатарноки ҷадвал аст. “Регар-ТадАЗ” ин навбат дар сафар аз «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро Санҷар Рихсибоев ба номаш навишт. Баъди ин бозӣ сармураббии «Регар» Ҳикмат Фузайлов истеъфо дод ва Алиёр Ашўрмаҳмадов ўро дар ин вазифа иваз кард.
Бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Равшан”-и Зафаробод мусовӣ — 2:2 анҷом ёфт. «Истаравшан» дар давоми вохўрӣ ду маротиба — 1:0 ва 2:1 пешсаф буд, вале натиҷаи ғалабаоварро нигоҳ дошта натавонист ва дар дақиқаи 90+4 голи дуюмро ба дарвозаи худ сар дод. Ду голи “Истаравшан”-ро Отабек Зокиров, голҳои тими Зафарободро Бахтиёр Зарипов ва Ҷаҳонгир Алиев заданд.
Дар бозии дигар голи ҳамлагар Муҳаммадалӣ Азизбоев дар дақиқаи 90+1 ғалабаи «Равшан»-и Кўлобро бар КМВА таъмин кард. Баъд аз ин бозӣ ҳам истеъфои сармураббӣ рух дод. Мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ аризаи истеъфои худро ба роҳбарияти бошгоҳ пешниҳод кардааст, вале роҳбарият то ҳол истеъфои мураббиро напазируфтааст. “Истиқлол” дар бозии дуюми ин ҳафтааш низ пирўз шуд ва ин навбат дастаи “Файзканд”-и Восеъро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ба голи задаи бозигари “Файзканд” Аббос Андалебов душанбегиҳо тавассути Манучеҳр Ҷалилов (2 гол) ва Шервонӣ Мабатшоев бо се гол ҷавоб доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ