“Истиқлол”- муассисаи беназир дар Осиёи Марказӣ

 Яке аз калонтарин муассисаҳое, ки бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, 4-уми марти соли 2016 мавриди истифода қарор гирифт, Муассисаи давлати Маҷмааи тандурустии «Истиқол» мебошад. Ин боргоҳи деринтизори сокинони шаҳри Душанбеву гирду атрофи он бо муосиртарин таҷҳизот ҷиҳозонида шуда, дар Осиёи Марказӣ беназир аст.

Муттамарказ бо шароити арзанда

Маҷмааи тандурустии «Истиқол» бо назардошти шароиту имкониятҳои замонавӣ бунёд гардида, аз ташхисгоҳ бо таҷҳизоту озмоишгоҳҳои муосир, қисми хизматрасонии тиббӣ ба калонсолон, қисми ҷарроҳии кӯдакона, қисми бемориҳои соматикии кӯдакона, таваллудхона, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, кӯдакону навзодон, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронии пайваст бо интернет иборат мебошад. Он ҳамчун муассисаи калонтарини бисёрсоҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дорои 650 кати табобатӣ, аз ҷумла 155 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона мебошад, ки дар он ба беморон ҳама намуди ёриҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ расонида мешавад.

Ҷоиз ба таъкиди махсус аст, ки 75% иқтидори хизматрасонии тиббии Маҷмаа ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст.

Дар сохторҳои ин боргоҳи саломатӣ 2802 нафар корманд, аз он ҷумла 621 табиб, 1077 ҳамшираҳои тиббӣ, 652 нафар кормандони хурди тиб ва 452 нафар кормандони маъмурӣ фаъолият мекунанд.

Илм дар амал

Яке аз ҷанбаҳое, ки ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ин раванди илм буда, дар муассиса 31 номзади илми тиб, 1 профессор, 3 доктори илм, 54 нафар Аълочии тандурустӣ, 7 нафар Аълочии илм ва маориф, 2 нафар дорандаи ордени «Шараф», 4 нафар дорандаи медали «Шафқат», 3 нафар барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 3 нафар дорандаи медали «Хизмати шоиста», 4 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори беҳтарин кормандони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-ро пурра мегардонанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар тӯли фаъолият Маҷмаа ҳамчун аввалин муассисаи табобатӣ дорои нашрияи махсуси “Паёми Истиқлол” гардид, ки дар он дастовардҳои олимону табибони ватанӣ ва хориҷӣ ба табъ мерасанд.

Аз дастгоҳҳои нодир то амалиёти ҷарроҳии муваффақ

Маҷмаа бо пешрафтатарин таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва айни замон дар он таҷҳизоту дастгоҳҳои ҳозиразамони нодир, ки истеҳсоли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, амсоли Амрико, Чин, Италия, Ҷопон, Россия, Олмон мебошанд, насб гардидаанд. Дастгоҳҳои нодиртарини ташхисӣ якчанд амалиёти ташхисиву табобатиро анҷом дода, кори табибонро сабук мегардонанд ва вақтро сарфа мекунанд. Аз ҷумла, ангиография усули муосири ташхис ва муолиҷавии рентгенологии бемориҳои дилу рагҳои хунгард мебошад. Бояд гуфт, ки тавассути ин дастгоҳ ҳам ташхис ва ҳам муолиҷаи рагҳои хунгарди дил ба роҳ монда шудааст. Мутахассисони шуъбаи ангиография ҳамарӯза амалҳои ҷарроҳиро дар беморони мубталои бемориҳои ишемиявии дил ва нуқсонҳои модарзодии дил бе буридани қафаси сина ва пайваст кардани дастгоҳи хунгардиши сунъӣ амалӣ менамоянд. 

Дар ташхисгоҳи Маҷмаа беморон имкон доранд аз ташхиси томографияи магнитӣ-резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ ва акси мамографӣ гузаранд. Таҷҳизоти мазкур ҳамагуна нуқсу бемориҳоро дар давраи бармаҳал метавонад ошкор намояд. Дастгоҳи рентгении рақамӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ беморро аз ташхиси рентгенӣ мегузаронад. Услуби маммографияи рентгенӣ дар мавриди гузоштани ташхиси бемориҳои ғадуди ширӣ ва саратонӣ аҳамияти калони амалиро молик мебошад. Дар ҳуҷраи дансиометрӣ ҳолати физиологӣ ва ё патологии зичии устухонњоро аз ташхис мегузаронанд.

Озмоишгоҳи клиникӣ яке аз ҷузъҳои муҳими ташхисгоҳи муассиса маҳсуб меёбад, ки таҷҳизоти муосири он дар як вақт якбора 96 амалиёти ташхисиро иҷро менамоянд. Дар ташхисгоҳи Маҷмаа таҳлили ҳама нишондиҳандаҳои клиникиву биохимиявӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон дар шуъбаи мазкур озмоишгоҳи вирусологӣ ва бактериологӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст. 

Маврид ба зикр аст, ки бо назардошти талаботи ҷомеа ба тиби муосир дар Маҷмаа ҷарроҳихонаи махсусгардонидашуда барои ҷарроҳиҳои осебӣ ва раддодӣ бо тамоми таҷҳизоту дастовардҳои навтарини тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ҳуҷраи шикастабандӣ ва ҷарроҳии таъҷилӣ рентгени мобилии электронӣ-оптикии ҳосилкунанда насб карда шудааст, ки имкон медиҳад тағйиротҳоро дар вақти ҷарроҳӣ акс намуда, рафти ҷарроҳӣ дар зери назорати бевоситаи ҷарроҳ бошад. Таҷҳизоти мазкур барои дақиқ гузоштани протезкунонӣ ва имплантат аҳамияти калони амалӣ доранд.

Дар шуъбаи осебшиносӣ ва раддодӣ амалиётњои барќарорсозии пайвандаки солибшакл, ивазкунии буѓуми сунъии рон ва тоталии зону бо истифодабарии бо артроскоп ба роњ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки ҷарроҳӣ дар буғумҳо бидуни буридан анҷом ёфта, бемор дар муддати кӯтоҳ аз беморхона ҷавоб мешавад.

Дар қисми ташхисгоҳи муассиса шуъбаи тибби суннатӣ ва машваратию клиникӣ фаъолият менамояд, ки дар он ба таври ройгон амалиётҳои хатнаи писарон ва ҳамзамон амалиёти хатна њангоми будубоши писарбачањои навзод дар ќисми таваллудхона ба анљом расонида мешавад. 

Табибони шуъбаи ҷарроҳии асаб дар Маҷмаа гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳии асаб, аз ҷумла краниопластикаи нуқсони устухони косахонаи сар бо пластинкаи титанӣ, бо таври эндоскопӣ гирифтани гематомаи музмини дохили мағзи сар, амалиёти мустаҳкамкунии транспедикулярии сутунмӯҳра, аз ҷумла эндоскопӣ-эндоназалӣ-трансфеноидалӣ гирифтани аденомаи гипофиз, гузоштани клипс дар аневризмҳои шараёнҳои мағзи сар, краниоэктомияи декомпрессивӣ бо нигоҳдории лоскути устухони сар дар зери апаневрози сар, бо мақсади краниопластика истифода аз усутухони худи бемор, амалиёти эндоскопии чурраи байнимeҳравӣ ва ҳамчунин табобати консервативии инсулти ишемикӣ, бо истифодаи тромболитикҳо роҳандозӣ намудаанд.

Дар шуъбаҳои урологии калонсолон ва кӯдакон як қатор амалиёти мураккаби  барқарорсозию тармимӣ дар роҳҳои пешобгузар, ва ҳангоми мавҷудияти санги гурдаҳо литотрипсияи перкутанӣ  ба роњ монда шудааст.

Дар шуьбаи ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳои хунгарди калонсолон амалиёти ҷарроҳии трахеопластика (барқарор кардани гузароии роҳи нафас) ҳангоми пурра маҳкамшавӣ ё тангшавии зерисадопардагии трахея, амалиёти рафъи торакоскопии омоси миёнадевор, амалиёти Люис дар мавриди тангшавии баъдисӯхтагиҳои сурхрӯда ва дигар амалиётҳои ҷарроҳиии мураккабро дар қафаси сина амалӣ менамоянд. Шуъбаи мазкур дар ҷумҳурӣ ягона буда, фарогири муолиҷаи ин қабил беморон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Дар қисми ташхисгоҳи муассиса бахши гиёҳдармонӣ фаъолият менамояд, ки бо истифода аз 150 навъи гиёҳҳои шифобахши дар Тоҷикистон маъмулбуда ба беморон ва муроҷиаткунандагон хизмат мерасонад.

Дар шуъбаи даруннигарӣ усулҳои нави ҷарроҳӣ дар мавзеи роҳҳои талхагузар ва ғадуди зери меъда ба роҳ монда шудааст.

Қобили қайд аст, ки кормандони шуъбаи ҷарроҳии дил, ки аксарият курсҳои такмили тахассусиро дар Ҷопон, Олмон, Эрон ва Русия гузаштаанд, дар ҳамкорӣ бо ҷарроҳони Ҷумҳурии Мисри Араб ва Кореяи Ҷанубӣ аввалин шуда дар кишвар амалҳои ҷарроҳии душвори ба як шунт пайваст намудани ду ва се шараёни коронарӣ, амалиёти ҷарроҳии муштараки таъвизи дарғот бо шунтикунонии коронарӣ ва атрезияи шараёни шуширо бомуваффақият амалӣ намуданд.

Ҳамасола бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кӯдакони мубталои душвортарин нуқсонҳои модарзодии дил аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар дил њангоми нуқсонҳои модарзодӣ гузаронида мешавад.

Бузургтарин маркази илмиву таълимӣ

Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» на танҳо муассисаи табобатӣ, балки бузургтарин маркази илмиву таълимӣ маҳсуб ёфта, дар ин ҷо 21 кафедраи соҳавии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунанд.

Дар пойгоҳи Маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 38 нақлиёти соҳавӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд, ки ба шаҳрвандони дар ноњияњои калонтарини шањри Душанбе, ноњияи Сино ва Фирдавсӣ истиќоматдошта кумаки таъҷилии тиббӣ мерасонад ва ҳангоми зарурат беморонро дар беморхонањои шањр  бистарӣ менамояд. 

Маврид ба зикр аст, ки нишондоди фаъолияти ёрии таъљилии Маљмаа низ густариш меёбад ва соли 2020 аз љониби Раиси шањри Душанбе муњтарам Рустами Эмомалӣ — 5 адад ва аз љониби Вазорати тандурустӣ ва њифзи иљтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  2 адад нақлиёти муосири ёрии таъљилӣ људо гардида, барои сари вақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба сокинони шањри Душанбе мусоидат менамояд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъмини сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири автомашинањо сари вақт ва бемамоният сурат мегирад, ки ин аз ғамхориҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбати соҳаи тандурустии шаҳрамон мебошад.

Тибқи нақша дар ояндаи наздик таъсис додани шуъбаи бемориҳои чашм дар заминаи катҳои мавҷудбудаи муассиса, ташкил кардани шуъбаи ҷоғу рӯй ва муттамарказ кардани он бо шуъбаи барқарорсозӣ, ташкил кардани шуъбаи гемодиализ ва детоксикатсия дар назар аст.

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқол» таъсис додани системаи ягонаи иттилоотии тиббӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Мақсади асосии таъсиси системаи ягонаи иттилоотии тиббӣ автоматикунонии тамоми равандҳои расонидани кумаки тиббӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба беморон мебошад.

Хуршед РУСТАМЗОДА,

директори МД Маҷмааи  тандурустии «Истиқол»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *