“Истиқлол”: Ситоди нави мураббиён тасдиқ шуд
Раҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” ҳайати нави мураббиёни тими футзалро тасдиқ намуд.
Бино ба иттилои бошгоҳи мазкур, Ҳусейн Шодиев — собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон ба вазифаи сармураббии дастаи футзали «Истиқлол» таъин карда шуд. Мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ ҳамчун ёвари сармураббӣ адои вазифа менамояд. Духтури даста — Далер Холов, маъмур — Ҷамшед Юсупов. Вазифаи менеҷерро Фирӯз Юсуфзода иҷро мекунад.
Ҳоло дастаи футзали «Истиқлол» ба мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон омодагӣ мебинад. Мусобиқаи қаҳрамонии футзали кишвар рӯзи 25-уми май бо ширкати 8 даста оғоз шуда, дар ду давр баргузор мешавад. Бозиҳо рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе баргузор мешаванд.
Клуби футболи «Истиқлол» ба собиқ ситоди мураббиёни дастаи футзал изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ