Мушкил ҳал шуд. Пайкараи Бобоҷон Ғафуровро мегузоранд (аудио)

Мувофиқи нақшаи шаҳрдори Бохтар бояд дар наздиктарин фурсат муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров иваз карда мешуд. Мутаассифона, бо гузашти як сол аз сохтани пайкараи нав, ҳанӯз он гузошта нашудааст.

Аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки мушкили то ҳол насб накардани муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров набудани мавзеи мувофиқ аст: “Дар шаҳри Бохтар барои сохтани як гулгашти муосир ва насб кардани муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон дар пайдо кардани мавзеъ ва замини мувофиқ мушкилӣ пеш омада буд. Ҳоло ҳам ҷойи нисбатан хуб ва ҳам соҳибкор барои сохтани як гулгашти зебову насби муҷассама ёфт шудааст. Чанд рӯз пеш корро шуруъ карданд. Муҷассама дар кӯчае гузошта мешавад, ки он ҳам ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аст. Лоиҳаро аллакай ба соҳибкор додаем ва корҳои сохтмонӣ мувофиқи нақшаи шаҳрдорӣ идома хоҳад кард”.

Комрон Гулов, сардори Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар нахост дар ин мавзуъ бо мо суҳбат кунад. Вале ӯ ҳанӯз дар соли 2021 дар як суҳбат бо Pressa.tj гуфта буд, ки баъди эродҳои пай дар пайи рӯзноманигорон дар мавриди монанд набудани муҷассама ба Бобоҷон Ғафуров, масълаи иваз кардани пайкара ба миён гузошта шуд. “Дар муҳлати кӯтоҳ нақшаи фармоиш додани муҷассамаи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз баррасӣ гардида, дар руйхати иншооти сохташавандаи соли 2021 ҷой карда шуд”,- афзуда буд вай.  

Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки “дар мувофиқа бо устодон аз Академияи илмҳои кишвар аз се шакли пешниҳодшудаи муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров яке интихоб карда шуд. Ин муҷассама аз пайкараи қаблӣ ба куллӣ фарқ дорад. Баландияш панҷ метр буда, симояш ба Қаҳрамони Тоҷикиситон бисёр монанд аст. Барои ин кор соли 2021-ум аз буҷети маҳаллии шаҳри Бохтар 170 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд. Дар ин сол иловатан боз ҷудо кардани 400 ҳазор сомонӣ дар назар аст. Вале агар соҳибкор ҳамаи хароҷотро ба уҳда гирад, ин маблағ дар сохтмони дигар иншоот истифода мешавад”.

Сабаби асосии иваз кардани муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров фарсудагӣ, паст будани қад, кӯтоҳии пой ва монанд набудани андоми пайкара ба Қаҳрамони Тоҷикистон аст.

Пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ҳанӯз 20 сол пеш гузошта шуда буд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *