Марги фоҷеавии хонандаи синфи 10 ҳангоми моҳишикор (аудио)

Сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод аз марги фоҷеавии як хонандаи синфи 10 аз рустои Деҳишои ноҳия хабар дод, ки ҳангоми моҳидорӣ дар рӯди Вахш ғарқ шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, «дастаи ҷустуҷӯву наҷоти Кумита, ки бо дарёфти хабар ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расида буд, ҷасадро ҷуст, вале пайдо нашуд. Рӯзи 14-уми май аз субҳ корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд ва тахминан соати 13:35 дақиқа ҷасади ноболиғро пайдо кардаву аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд».

— Сабаби фоҷеа дақиқан маълум нест. Аммо гумон меравад, ки риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ва шиноварӣ натавонистани марҳум аз сабабҳои ин ҳодиса бошад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *