“Истиқлол” “Олой”-ро 3:1 зад
Дастаи Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D” тими “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ин бозӣ шаби 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 14 ҳазор тамошобин баргузор шуд.
Дар нимаи аввали дидор (дақиқаи 45+1) сардовари ин бозӣ Хироюки Кимура (Ҷопон) барои дар ҷаримагоҳ аз по афтондани ҳимоятгари “Истиқлол” Дэвид Мавутор ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи 11-метрӣ таъин кард. Тӯбро аз пеналтӣ нимҳимоятгар Нуриддин Давронов, капитани “Истиқлол”, ба ҳадаф расонд. Нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.
Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 59-ум, ҳамлагари меҳмонон Алиа Силла, легионери африқоӣ аз Гвинея, ҳисобро баробар кард. Баъдан Девид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана, дар дақиқаи 68-ум ва Дилшод Восиев дар дақиқаи 89-ум (ҳарду бо зарбаи сар) ба дарвозаи “Олой”, ки онро Абдуазиз Маҳкамов, узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ҳимоят мекард, ду гол зада, бозиро ба нафъи “Истиқлол” бо ҳисоби 3:1 анҷом доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ