Корманди полис мехост худкушӣ кунад

Ҷаҳонгир Мусохонов, пулиси навбатдори ӯзбек дар Самарқанд рӯзи 10 апрел аз рӯи беэҳтиётӣ аз силоҳ тир кушод. Аз рӯи ин ҳодиса тафтиши дохилӣ шуруъ шудааст.

«Ҳодисаи мазкур ҳамчун «аз рӯи беэҳтиётӣ тир кушодан» таҳқиқ мешавад. Ҷаҳонгир Мусохонов танбеҳ гирифта, аммо аз кор ронда нашуд. Аз тири вай касе осеб надидааст», — мегӯяд муфаттиши додситонии вилояти Самарқанд.

Аммо шоҳидони ҳодиса бо ирсоли акс, ин рӯйдодро таври дигар нақл мекунанд. «Мусохонов мехост худкушӣ кунад. Вай мили силоҳро ба синааш гузошта, худашро парронданӣ шуд. Аммо пулиси дигар ӯро наҷот дод. Тири силоҳ ба автобуси пулис бархурд», — мегӯяд як сокини Самарқанд.

Дар ҳамин ҳол, пулис худкушии Мусохоновро рад мекунад.

«Вай 10 апрел навбатдории бинои шуъбаи корҳои дохилиро қабул кард. Баъдан вай зери айвони қароргоҳи автобусҳо рафта, дохили яке аз автобусҳо шуд. Садои тирро шунида, пулиси навбатдори дигар ба наздаш рафт. Пулиси дувум мехост силоҳро аз дасти Мусохонов бигирад, аммо ӯ ҳам аз рӯи беэҳтиётӣ тир кушод. Аз Мусонохов пурсиданд, ки чаро тир кушодааст, вай гуфт, аз рӯи беэҳтиётӣ чунин шудааст», — шарҳ медиҳад пулиси Самарқанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *