Истифодаи дурусту самараноки замин дар ноҳияи Ҷайҳун

Дар ноҳияи Ҷайҳун кишоварзон заминро самаранок истифода бурда, дар таъмини маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар нақши созгор доранд. Кишоварзони ин ноҳия бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифати полезӣ ва таъмини мардум бо меваҳои ситрусӣ машҳур гардидаанд. Албатта, ин аз заҳмати зиёд ва истифодаи дурусту самараноки замин вобаста аст.

Саидҷаъфар Шарифзода, раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки майдони умумии замин 96 ҳазору 715 гектар аст. Ӯ мегӯяд, ки аз ин 18 ҳазору 880 гектар корам ва 18 ҳазору 539 гектар корами обӣ мебошад. Назорат барои кишти саривақтии зироат ва истифодаи самаранок аз замин дар сатҳи баланд аст.

“Ба воридсозии заминҳои бекорхобида ва гардиши кишоварзӣ таваҷҷуҳ хеле зиёд аст. Бо дастгирӣ ва мусоидати Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун, мо соли 2022-юм 73 гектар замини партов ва чарогоҳро ба гардиши кишоварзӣ ворид кардем. Имсол бошад, то охири сол каму беш 100 гектар замин ба гардиш ворид хоҳад шуд. Бештар кардани заминҳои корам зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти маҳаллии ноҳияи Ҷайҳун аст. Бо зиёд будани майдони кишт ва самаранок истифода кардани замину фаровонҳосилӣ расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ осон мешавад”,- афзуд вай.

Саидҷаъфар Шарифзода мегӯяд, ки чанде пеш бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ибтикори соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Соҳибкор барои обёрии 500 гектар замин бо харҷи 12 миллион сомонӣ пойгоҳи обкашӣ бунёд кардааст.

“Хати оби полезӣ аз шохоби дарёи Панҷ ба масофаи 3 ҳазору 500 метр тариқи кандани канал оварда шуд. Об дар обанбори 40х40 ҷамъоварӣ ва баъдан бо истифода аз 1 пойгоҳу 2 дастгоҳи обкашӣ бо истифодаи қубурҳои қутраш 530 мм барои обёрии зиёда аз 2 ҳазор гектар замин истифода мешавад. Мақсади асосии баистифодадиҳии хати оби полезӣ — ин ба гардиши кишоварзӣ ворид сохтани замин аст. Феълан бо хати оби мавриди назар 500 гектар замин обёрӣ мешавад. Дар маросими ба кор оғоз кардани ин пойгоҳи обкашӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон иштирок кард”,- афзуд Саидҷаъфар Шарифзода.

Ба таъкиди вай, дар шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷайҳун 112 ҳолати қонуншиканӣ дар самти замин ошкор карда шудааст. Қонуншиканӣ дар майдони наздик ба 28 гектар содир гардидааст, ки он қариб пурра бартараф карда шудааст.

— Бо ошкор шудани қонуншиканӣ дар самти замин, дар 5 ҳолат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар 9 ҳолат барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратура мавод пешниҳод шудааст. Барои боқимонда қонуншиканиҳои вобаста ба замин нисбати сокинон ҷарима таъин гардидааст. Онҳое, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд, беш аз 64 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд. Бо вуҷуди ин беш аз 90 дарсади қонуншиканӣ вобаста ба замин бартараф карда шудааст.

Феълан дар ноҳияи Ҷайҳун кишоварзон заминро самараноку оқилона истифода бурда, аз ҳар зироати кишткарда ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Кишоварзони ноҳияи мавриди назар бо заҳмати хеш сокинони кишварро бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва босифат таъмин мекунанд. Қариб дар ҳамаи бозорҳои мамлакат лимӯ, пиёз, картошка ва маҳсулоти полезии деҳқонони асили ин минтақа ба фурӯш гузошта шудааст, ки таъм ва сифати хуб доранд. Афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҷойи кор таъмин будани сокинони ноҳияи Ҷайҳун албатта, аз дуруст муносибат кардан бо замин ва самаранок истифода бурдани он вобаста аст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *