Ширкати паҳлавонони Тоҷикистон дар Hungary Masters-2023

Аз 4 то 6-уми август дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар шаҳри Будапешт (Маҷористон) мусобиқаи Hungary Masters-2023 баргузор мешавад, ки дар он шаш варзишгар аз Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Тибқи низомнома, дар мусобиқа варзишгароне, ки дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо дар 38-гонаи аввал мавқеъ гирифтаанд, иштирок мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар байни мардҳо Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -60 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг), Беҳрўз Хоҷазода (дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81 кг), Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90 кг) ва Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Фонди умумии ҷоизаҳо 196 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, барандагони медали нуқра 4000 евро ва медали биринҷӣ 2000 евро ҷоиза мегиранд.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии олимпӣ ва ҷаҳонӣ соҳиби имтиёз мешаванд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 хол, ҷоизадорони ҷойи дуюм 1260 ва ҷойи сеюм 900 хол мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *