Истифодаи корхонаи саноатӣ дар Суғд пас аз таваққуфи 12-сола

Имрӯз, 11-уми август дар шаҳри Конибодом бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди меваи хушк мавриди истифода қарор гирифт.

Коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК “Конибодом” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта шудаааст. Корхона аз утоқи озмоишгоҳ, бӯғхона, утоқи муҳандис, анборхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Гуфта мешавад, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” солҳои зиёд аз кор монда буд. Он баъд аз таваққуфи 12-сола аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дубора фаъол гардонида шуд. Акнун ин ҷамъият фаъолияташро васеъ гардонида, ба коркарди меваи хушк низ машғул хоҳад шуд. Маҳсулоти хом асосан аз ноҳияи Ашт, шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба коргоҳ ворид карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *