Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон

Ҷасади духтари 16-сола пас аз ду рӯзи бедарак шудан аз дарёи Зарафшон пайдо шудааст.

Гуфта мешавад, ки марҳум дар деҳаи Хоҷапанҷи шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекард. Рӯзи 9-уми август баъди муноқишаи оилавӣ аз хона баромада, барнагаштааст.

Худи ҳамон рӯз наҷотдиҳандагон ба ҷустуҷӯ шуруъ кардаанд. Дар натиҷа ҷасади наврасро баъди ду рӯз дар соҳили дарёи Зарафшон пайдо карда, ба мақомоти милитсия супурдаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *