Истифодаи як бинои иловагӣ дар Левакант бо саҳми Сафорати Ҷопон

Дар шаҳри Левакант бинои иловагии муассисаи таълимии рақами шаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин бино бо саҳми Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохта шудааст.

Дар маросими кушодашавии иншооти мавриди назар Қурбон Ҳакимзода — раиси вилояти Хатлон, Тошиҳиро Аики — сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Левакант иштирок доштанд.

Қурбон Ҳакимзода — раиси вилояти Хатлон гуфт, ки “рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ аз маориф вобаста аст. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии дорои ҳашт синфхонаи ва як утоқи кории омӯзгорон дар назди муассисаи таълимии рақами 6-и шаҳри Левакант идомаи тадбирҳои созандагӣ аст”.

Ба иттилои расида, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор ноҳияи вилояти Хатлон муассисаҳои маорифу тандурустӣ бунёд шудаанд.

Дар ҷамъомад Тошиҳиро Аики — сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар доираи татбиқи кумаки бебозгашти мардуми Ҷопон ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷопон ва Тоҷикистон ду иншоот, корхонаи бонувони болаёқат ва бинои синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, ба истифода супурда шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *