Хатнаи ройгони беш аз 74 ҳазор нафар кӯдакон давоми 9 моҳи соли равон

Ба ҳолати имрӯза дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон фаъолият дошта, дар онҳо давоми 9 моҳи соли 2022 ба 74 ҳазору 718 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ва гузаронидани амалиёти хатна ба таври ройгон, маҳз зери фаъолияти густурдаи Вазорат дар доираи иҷрои дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

— Маврид ба тазаккур аст, ки иқдомоти мазкур бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми августи соли 2017 рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин доира, инчунин фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2018 оид ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон», аз 18-уми майи соли 2018 “Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирию омории соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон” ва аз 2-юми июли соли 2018 “Дар бораи тасдиқ намудани рӯйхатҳои таҷҳизоти зарурӣ барои ҳуҷраҳои хатнаи кӯдакон” ба тасвиб расида, айни ҳол амалӣ шуда истодаанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *