Истироҳати 8-рӯза дар Наврӯз
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон 8 рӯз истироҳат пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар додааст.
Имсол 18-уми март шанбе, 20-уми март душанбе аст. Ба ин муносибат 18-уми март рӯзи корӣ эълон шуда, ба ифтихори Наврӯз аз 19-уми март то 26-уми март рӯзҳои истироҳат эълон карда шудаанд. Ҳафтаи корӣ рӯзи душанбеи 27-уми март оғоз мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ