Душанбе: Кӯдаки 4-сола зери чархи мошин ҷон дод

Кӯдаки 4-сола зери чархи мошин ҷон дод. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад. Ҳодиса рӯзи 28-уми феврал дар шаҳри Душанбе рух додааст.

Тибқи иттилои вазорат, “ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер» Миров Эмомалӣ Музафарович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Сино, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Гипроземи пойтахт аз самти кӯчаи Борбад ба самти маҳаллаи Пахтакор, дар рӯ ба рӯи нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо пиёдагарди ноболиғ Нуров Меҳроб Насрулоевич, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст”.

Кӯдаки хурдсол ҷароҳат бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *