IT -тичникҳо дар Русия аз аскарӣ озод шуданд. Дар Тоҷикистон чӣ?
IT дар иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ба ҷойи аввал мегузарад. Мамлакатҳои пешрафта ба ин соҳа диққати махсус медиҳанд ва шикори мутахасисони ин соҳа кайҳост, ки оғоз ёфтааст. Агар қаблан барои пешрафти иқтисодиёт таваҷҷуҳ ба саноат мекарда бошанд, ҳоло ба ин соҳа рӯй овардаанд. Зеро бо харҷи кам метавон миллиардҳо доллар ба даст овард.
Масалан, дар Русия беш аз 3 000 000 IT –тичникҳо фаъолият доштанд. Баъди оғози амалиёти махсус дар Украина қариб 100 000 IT –тичникҳо ҷои кор кишварҳои дигар, аз ҷумла Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро интихоб карданд. Зеро дар ин кишварҳо ба қадри IT –тичникҳо мерасанд ва барояшон шароит муҳайё кардаанд. Ҳоло барои дар Русия нигоҳ доштани онҳо ин кишвар аз ҳама воситаҳо истифода мебарад. Сарвазири Русия Михаил Мишустин изҳор намуд, ки онҳо аз аскарӣ озоданд. Ҳамчунин, бо як қарор онҳоро аз пардохти андози фоида озод намудааст. Ба ширкатҳои IT имтиёзҳои дигар низ дода шудааст. Аз ҷумла, барои идомаи фаъолият ва тадбиқи лоиҳаҳои нав ба ширкаҳои IT имкон дода мешавад, ки на бештар аз 3% қарзи имтиёзнок гиранд. Ҳоло, ки дар Тоҷикистон IT нав чун майса сар мебарорад, зарур аст, ки ба он таваҷҷуҳ карда шавад. Масалан, озод кардани онҳо аз хизмати ҳарбӣ, аз андозҳо озод намудани онҳо.
Дар чунин ҳолат IT — технология метавонад таконе дар рушди иқтисодиёти кишвар дошта бошад. Тавре фактҳо шаҳодат медиҳанд, танҳо дар ду шаҳр Душанбе ва Хуҷанд ин соҳа рушд дорад. Зеро раисони ду шаҳр Рустами Эмомалӣ ва Фирдавс Шарифзода ҷавонанд ва моҳияти IT — ро хуб мефаҳманд. Ҳатто, мардум пешниҳод доранд, ки вақти интихоб раисону вазирон аз тести IT гузаронида шаванд. Дар вақти аз имтиҳон ногузаштан, аз вазифа барканор шаванд. Зеро бе IT пешрафти иқтисодиёт дар замони муосир ғайриимкон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ