Бозёфти ёдгориҳои нодир дар ҳавлии Халил Сатторов

Дар ҳавлии сокини деҳаи Шингаки ҷамоати деҳоти Хурмӣ, Сатторов Халил хуми бузурги сафолӣ, паймонаи сафолӣ ва дигар ашёҳо аз қабати хок ёфт шуданд.

Ҷаҳонгир Толибӣ, сухангӯи раиси шаҳри Панҷакент иттилоъ дод, ки 11 майи соли 2022 намояндагони ҳайати Шӯрои илмии Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷуҳуриявии таърихию-кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент” таҳти сарварии раиси Шӯрои илмӣ, директори осорхона, М. Мизробзода, узви Шӯрои илмӣ, номзади илмҳои бостоншиносӣ, А. Раззоқов, ва узви Шӯрои илмӣ, мудири шуъбаи муосири осорхона, С. Юнусӣ ҷиҳати ошноӣ бо бозёфтҳои бостоншиносӣ аз ҳавлии Сатторов Халил дидан карданд.

Маълум гардид, ки ашёҳои пайдошуда ёдгории мутааллиқ ба садаҳои V-VIII милодӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *