Иттиҳоди Аврупо беш аз 16 миллион евро дар Зарафшон харҷ мекунад
Дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” марҳилаи дуюми барномаи рушди деҳот таҳти унвони “Идоракунии захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон” муаррифӣ шуд.
Ин барнома аз тарафи Фонди Оғохон ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо давоми 5 сол дар ноҳияҳои Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент амалӣ мегардад.
Дар рӯнамоии барнома Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд, Зулфия Давлатбекова, роҳбари барнома ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимиии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, Кишвар Абдулалишоев, директори иҷроияи Фонди Тоҷикистонии Оғохон, Ҷавлон Ҳамдамов, директори барномаҳо дар Фонди Тоҷикистонии Оғохон, Зумрат Норматова, роҳбари лоиҳаи INVEST – Фонди Тоҷикистонии Оғохон, раисони ноҳияи Айнӣ – Муқим Муродзода, Куҳистони Мастчоҳ – Хайрулло Бобозода, шаҳри Панҷакент –Абдухолиқ Холиқзода, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва масъулини идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз ин лоиҳа, пеш аз ҳама ҳифзи захираҳои табиӣ, таъмини мардуми водии Зарафшон бо оби нӯшокӣ, бунёди ҷангалзор, боғҳои интенсивӣ, амнияти озуқаворӣ, ғизои солим дар мебошад.
Муҳлати иҷрои барнома 5 сол пешбинӣ шуда, буҷаи он 16 миллиону 666 ҳазору 667 евро аст. Иттиҳоди Аврупо 90 фоиз ва Фонди Оғохон 10 фоизи маблағро ба шаҳру ноҳияи номбурда барои амалӣ намудани барнома ихтисор додаанд.
Иҷрокунадагони лоиҳа Фонди Тоҷикистонии Оғохон, Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, Хадамоти тандурустии Оғохон, Кооперативи ғайритиҷоратии Сароб ва Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон мебошанд.
Инчунин, лоиҳаи дигаре, ки Фонди Тоҷикистон Оғохон муаррифӣ кард, “Баланд бардоштани устувории ҷомеа тавассути воситаҳои пойдори зиндагӣ дар шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Файзобод ва Сангвор” аст.
Дар муаррифии лоиҳа намояндагони чор мақомоти шаҳру ноҳияҳои номбурда ва сохторҳои дигари дахлдор иштирок намуданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар ҳаҷми 8 миллиону 400 ҳазор франки Швейтсария барои 5 сол пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ