Маҷидӣ Муҳтадӣ

Дар Ховалинг ҳайкали Сайдалӣ Вализодаро дуздиданд!

Дар нишасти матбуотии ноҳияи Ховалинг хабарнигорон аз тақдири муҷассамаи шоири халқии тоҷик Сайдалӣ Вализода пурсиданд.

Раиси ноҳия Маҷидӣ Муҳтадӣ дар ин маврид изҳори беиттилоотӣ кард. Ҳам аз ҳамаи масъулини соҳа, мутасаддиён дар бораи муҷассама пурсид. Касе иттилоъ надорад. Дар ҳоле, ки барои аз ҷой бардоштани як муҷассамае, ки дар паҳлуи МИҲД-и ноҳия истодааст, камаш крани борбардор, мошини боркаш, маблағ ва фармони раиси ноҳия лозим. Он ҳам бо иҷозати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ. Фақат як нафар аз масъулини шуъбаи фарҳанги ноҳия дар нишаст, барои раҳонидани раис аз вазъияти ногувор гуфт, ки “муҷассамаро ба шаҳри Кӯлоб интиқол додем”.

Орзу Ҳамидиён — муовини соҳавии раиси шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо мо гуфт, ки “муҷассама ба Кӯлоб интиқол наёфтааст, набошад, мо онро дар ягон мавзеи фарҳангӣ насб мекардем”. 

А. ИБРОҲИМ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *