Сулаймон Сойлу

Изҳори сипоси вазири корҳои дохилии Туркия ба наҷотдиҳандагони тоҷик

Вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу дар ҷараёни боздидҳои худ аз шаҳри бар асари заминларза харобшудаи Қаҳрамонмаръаш ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори сипос намуд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, “вазири корҳои дохилии Туркия аз минтақаҳои офатзада дидан кард ва дар ҷараёни сафари худ ба он қисмати шаҳр омад, ки имдодгарони КҲФ фаъолият мекарданд. Ҷаноби Сулаймон Сойлу баъди он ки ба натиҷаҳои фаъолияти имдодгарони тоҷик ошно шуд, ба онҳо изҳори сипос кард ва аз натиҷаи фаъолияташон ситоиш намуд”.

Ҷаноби Сойлу ҳамчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз офатзадагони Туркия ва ирсоли кумаки фаврӣ сипосгузорӣ намудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки 50 нафар наҷотдиҳандагони КҲФ чанд рӯз боз дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия саргарми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот мебошанд. Бо талоши онҳо 25 ҷасад ва ду нафари зинда аз зери вайронаҳо берун оварда шудаанд. Афроди зинда беруновардашуда як падар бо тифли шашмоҳаи худ будаанд, ки айни замон дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *